Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси блогерон ва рӯзноманигорон дар музокироти Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо


Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Шветсия Тобиас Биллстрём
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Шветсия Тобиас Биллстрём

Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро тақвият бахшанд. Талаби ин созмон рӯзи 26-уми июн зимни Ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ИА садо дод. Иттиҳоди Аврупоро солҳои охир ба "чашмпӯшӣ" ба вазъи ташвишовари ҳуқуқи одамон ва озодии баён дар Тоҷикистон танқид мекунанд.

Дар хабарномаи Иттиҳоди Аврупо омадааст, намояндагони ин созмон дар дидорашон бо ҳайати Тоҷикистон ба "муҳим будани озодии ақида" таъкид карданд. "Ҳамчунин намояндагони созмон масъалаи таъқиби чандин блогерон ва рӯзноманигоронро бардоштанд."

Дар як соли ахир 8 блогеру рӯзноманигори тоҷик боздошт ва дар мурофиаҳои баста ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Мақомот аксари онҳоро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор карданд, аммо рӯзноманигорон ва наздикони онҳо айбномаи мақомотро беасос гуфтанд.

Сироҷиддин Муҳриддин
Сироҷиддин Муҳриддин

Ҳайати Тоҷикистонро дар музокироти рӯзи 26-уми июн Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ роҳбарӣ кард. Аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо вазири корҳои хориҷии Шветсия Тобиас Биллстрём баромад кардааст. Маълум нест, ки ҷониби Тоҷикистон ба суолҳои намояндагони ИА дар бораи боздошти блогерон чӣ посух додаанд. Дар хабарномае, ки Вазорати корҳои хориҷӣ аз ин нишаст пахш кард, ба масъалаи боздошти рӯзноманигорон ишорае нашудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, намояндагони кишвар дар мулоқот бо ҳайати ИА, ҳамкориҳо "дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамкории минтақавӣ"-ро муҳокима карданд.

Дар хабарномаи Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин омадааст, ҳарду ҷониб аз оғози музокирот барои Созишномаи нави густурдаи шарикӣ ва ҳамкорӣ қаноатмандӣ карданд. Намояндагони ИА гуфтаанд, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти коҳиши хушунати хонаводагӣ барои пайвастани кишвар ба низоми GSP+ аҳамияти муҳим хоҳад дошт. Вале дар як вақт Иттиҳоди Аврупо аз Душанбе даъват кардааст, ҷараёни ислоҳотро фаъол кунад.

"Сиёсати макроиқтисодии ба субот равонашуда, пешравӣ дар идоракунии молияи давлатӣ, беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ,"-аз хостаҳои дигари Иттиҳоди Аврупо аз Душанбе будааст.

Тоҷикистон солҳост, ки хоҳони дохил шудан ба низоми "Системаи умумии бартариятҳо" ё GSP+ аст. Аммо намояндагони Иттиҳоди Аврупо борҳо гуфтаанд, барои ин кор шартҳое пешбинӣ гардидааст. Риояи ҳуқуқи инсон ва эҳтиром ба озодии баён яке аз ин шартҳо гуфта мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG