27-уми июн дар Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати Миллӣ аст. Он ба муносибати имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 миёни Ҳукумат ва Иттиҳоди Неруҳои Мухолифи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав дар тақвим пайдо шуда, рӯзи истироҳат аст.
Бар пояи ин созишнома, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Мухолифи Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурӣ имзо карданд, ҷанги шаҳрвандие, ки соли 1992 сар шуда буд ба поён расид, паноҳандагон ба ватан баргаштанд, мухолифон халъи силоҳ шуданд. Ҳамчунин тарафҳо ба тақсими қудрат байни ин ду тараф бо таносуби 70 бар 30 розӣ шуданд.
Иҷрои ин шарти сулҳ бо кашолкорию эътирозу суиқсадҳо ва ҳолатҳои фасод ҳамроҳ буда, мухолифон тавонистанд танҳо 54 намояндаи худро вориди ҳукумат кунанд. Ин дар ҳолест, ки қарор буд, 30 дарсади ҳамаи мансабҳои давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо ба онҳо вогузор мегашт ва 5 ҳазор номзади мухолифон ба идораи давлат ҷалб мегаштанд.
Ҳузури аксари намояндагони мухолифин, ки аз онҳо ҳамчун “30-дарсада”-ҳо ёд карда мешуд, дер давом наёфт ва онҳо яке паси дигар аз мақомҳо барканор гаштанд. Дар ин матлаб сарнавишти чанде аз онҳо гирдоварӣ шудааст.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода. Моҳи феврали соли 1998 муовини аввали сарвазири Тоҷикистон таъин шуд. Соли 2005 узви Маҷлиси Миллӣ гардид. Моҳи декабри соли 2011 ба иттиҳоми "авбошӣ" доғи судӣ гирифт, ки пешбарии номзадияшро дар интихобот номумкин гардонд. Аз он ба баъд аз фаъолияти сиёсӣ худдорӣ мекунад.
Зокир Вазиров. Муовини сарвазир таъйин шуд. Соли 2001 ректори яке аз донишгоҳҳо ва соли 2008 сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон буд. Дар соли 2012 аз сактаи дил дар Боку даргузашт.
Зайд Саидов. Дар соли 1999 аввал раиси кумита ва баъдан вазири саноати Тоҷикистон шуд. Соли 2007 раиси Анҷумани соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон интихоб гардид. Дар соли 2013, баъд аз эълони таъсиси ҳизби ислоҳотхоҳи "Тоҷикистони нав” боздошт ва ба 29 сол зиндон маҳкум шуд.
Худойбердӣ Холиқназар. Соли 1997 вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъйин шуд. Аз соли 2014 то 2019 раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон буд. Дар гузашта дар мақоми кордори сафорати Тоҷикистон дар Чин кор кардааст. Ҳоло бознишаста аст.
Абдунабӣ Сатторзода. Соли 1999 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. Аз 1-уми апрели соли 2006 то июни соли 2012 дар Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон кор кард. Моҳи майи соли равон аз Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ бознишаста шуд.
Мирзо Зиёев (Мирзо Ҷага). Дар соли 1999 вазири ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон таъйин ва моҳи ноябри 2006 аз ин мақом барканор шуд. Соли 2009 дар шароити мармуз дар шарқи кишвар кушта шуд.
Ҳабиб Сангинов. Бо назардошти собиқааш муовини вазири умури дохилӣ таъин шуд. Субҳи 11-уми апрели соли 2001 дар як ҳамлаи террористӣ ӯ, ронанда ва муҳофизонаш кушта шуданд.
Давлат Усмон. Моҳи феврали соли 1998 вазири иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ таъин гардид. Дар соли 1999 ҳамчун рақиби Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мухолифон вориди корзори интихобот шуд ва бо дарёфти ду дарсад раъй шикаст хӯрд. 7 марти соли 2000 аз вазифа гашт. То соли 2008 дар Пажуҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони улум кор кард ва сипас бознишаста шуд.
Абдураҳим Каримов (Мулло Абдураҳим). Дар соли 1999 раиси Кумитаи гумрук ва дертар муовини раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир таъин шуд. Сардори бахши забон ва адабиёти Донишкадаи исломии Тоҷикистон аст. Ҳамзамон узви Шӯрои уламои Маркази исломист.
Муҳаммадрузӣ Искандаров. Соли 1999, раиси ширкати давлатии “Тоҷикгаз” таъин шуда, соли 2003 аз ин мақом барканор ва як сол баъд ба Русия рафт. Искандаров 9-уми декабри соли 2004 аз тарафи маъмурони амниятии Русия ва Тоҷикистон рабуда ва дертар дар Душанбе пайдо шуд. Соли 2005 ба 23 сол зиндон маҳкум гашт.
Абдуҳалим Назарзода. Соли 1999 сардори Раёсати хадамоти қушӯн ва бехатарии Вазорати дифои Тоҷикистон таъин шуд ва дар моҳи январи 2014 муовини вазири дифои Тоҷикистон таъин гашт. Дар моҳи сентябри соли 2015 ба талоши ошӯби мусаллаҳона муттаҳам ва дар шароити мармуз дар кӯҳистони дараи Ромит кушта шуд.
Қодири Қосим. Соли 2000 муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуда, аз 2013 то 2017 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд. Баъдан раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон шуд ва аз моҳи марти соли 2020 муовини раиси Маҷлиси Намояндагон мебошад.
Мирзохӯҷа Низомов. Аз соли 1999 то 2002 раиси Кумитаи гумруки назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дертар муовини сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ таъин шуд. Бознишаста аст.
Мухаммадшоҳ Искандаров (Шоҳ Искандар). Соли 1998 фармондеҳи қисми марзбонии Ҷиргатол ва соли 2007 муовини сардори Ситоди нерӯҳои марзбонӣ таъин шуд, аммо ҳамон сол аз хидмати ҳарбӣ рафт ва муддате ба тиҷорат машғул буд. Дар соли 2011, пас аз амалиёти зидди Мулло Абдулло муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилии Рашт таъин шуд. Соли 2013 сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода буд ва сипас аз соли 2018 то 2020 дар мақоми сардори ШКД-и Исфара кор кард. Аз соли 2020 ба ин тараф сардори Шуъбаи корҳои дохилии шари Бӯстон (Чкаловск)и вилояти Суғд аст.
Ғайрат Адҳамов. Соли 1999 муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон таъин шуд. Дар соли 2006 аз масъулияти муовини аввал барканор шуда, муовини вазир таъин гашт. Аз соли 2014 бознишаста аст.
Шодӣ Кабиров. Аввали соли 2000 вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шуд, вале дере нагузашта аз ин вазифа сабукдӯш ва ба мақоми муовини раиси вилояти Хатлон таъин гашт. Дар соли 2006 бознишаста шуд.
Намояндагони аршади Иттиҳоди Неруҳои Мухолифи Тоҷикистон ва бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки ИНОТ бо вуҷуди шиораш, ки барои вазифа намеҷангад ва мақсадаш танҳо “бозгашти шарафмандона” ба ватан аст, дар кашокаши мансабу тақсими қудрат пароканда шуд ва дигар иттиҳоди мухолифон набуд. Ба ин сабаб натавонист, аз барнома ва ормонҳои сиёсии худ дифоъ кунад. Мақомоти давлатӣ ҳангоми барканории намояндагони мухолифон гуфтаанд, ки тақсими қудрат барои марҳилаи муайяне буд, ки созишномаи сулҳ муайян кардааст ва қарор набуд, мансабгирифтагони“30-дарсада” “абадан сари кор монанд”. Бо поёни ин давраи сулҳофаринӣ яке аз тарафҳои он ҳузури қавии худро дар идораи давлат нигоҳ дошт ва тарафи дигар онро аз даст дод.
Гуфтугӯ