Шумораи аввали барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" дар Радиои Озодӣ пахш шуд. Барномаи аввал дар бораи ҷавоне бо номи Сайфулло қисса мекунад, ки шаҳди ғарибиро хеле барвақт аз замоне ки, ҳамагӣ 6 сол дошт чашид. Даврае, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрванди ҷӯш мезад ва падари хонадон ҳамроҳи 8 фарзанди хурсол аз шаҳри Ваҳдат роҳ сӯи Сибир гирифт. Сарсониву бехонагӣ ва боз даҳҳо мушкилоти дигар. Ин хотиротест, ки Сайдалӣ аз ҳамон солҳо дар ёд дорад.
Кори шабонарӯзӣ дар сохтмон ва надоштани ҷойи хоби муносиб, ба саломатии Сайдалӣ асари худро гузошт ва то ба кати беморхонаи сили Тоҷикистон расонд. Беморӣ муолиҷа шуд, аммо табибон таъкид намудаанд, ки бояд ҳатман машқи бадан кунад. Сайдалӣ, ки соҳиби се фарзанд аст мегӯяд, танҳо ба хотири ояндаи беҳтари онҳо бори вазнини ғурбатро таҳаммул мекунад.
Барномаро инҷо тамошо кунед:
Русия бузургтарин кишвари мизбон барои корҷӯёни тоҷик аст. Коршиносон бар инанд, ки Русия муҳоҷирони тоҷикро ҳамчун нерӯи арзони корӣ истифода мебарад, вале аз ҳуқуқшон дар баробари корфармо ҳимоят намекунанд.
Барнома дар саҳифаи Озодивидео дар Ютуб:
Гуфтугӯ