Ҳаво дар Тоҷикистон то рӯзи 24-уми июни имсол гарму хушк мемонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 20-уми июн дар эъломияе гуфт, гармии ҳаво дар баъзе аз минтақаҳои Хатлон то 42-47 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ гармии ҳаво то 43 дараҷа ва дар минтақаҳои кӯҳӣ то 39 дараҷа пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар рӯзҳои 23 ва 24-уми июн дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ эҳтимол хокбориш шавад.
“Дар ин рӯзҳо бар асари болоравии дамои ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳо эҳтимоли баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон вуҷуд дорад. Эҳтимоли омадани сел дар баъзе навоҳии кӯҳӣ низ зиёд аст,” -- гуфта шудааст дар эъломияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Мақомот аз мардум хостаанд, ки дар чунин рӯзҳо ҷӯй ва каналу селроҳаҳоро сари вақт тоза карда, ба ҷамъоварии рустаниҳо, ҳезум ва чарои чорвову шикор ба баландкӯҳҳо нараванд.
Гуфтугӯ