Наздикони Шавкат Халилов, коргардони тоҷик, ки рӯзи 15-уми май дар бемористон дар синни 66-солагӣ даргузашт, табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд.
Пизишкон мегӯянд, ӯ гирифтори бемориҳое буд, ки пас аз ҷарроҳӣ дигар имкони наҷоташ вуҷуд надошт.
Мақомот шикояти наздикони коргардонро санҷидаанд, вале дар хулосаи ниҳоӣ аз назари табибон пуштибонӣ кардаанд.
Умеда Халилова, ҳамсари коргардон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш бо пойи худ ба бемористон рафт, то пизишкон санги талхадонашро берун кунанд.
Халилов рузи 3-юми май дар бахши чоруми беморхонаи "Қарияи Боло"-и пойтахт ҷарроҳӣ шуд.
Умеда Халилова гуфт, шаб шавҳарашро ҷарроҳӣ карданд, “вале пагоҳ, баъд аз соати 2, аҳволаш бад шуд”.
Ӯ афзуд: “Нафасакашияш мушкил шуд. Даромада, пурсидам, ки чӣ шудааст. Гуфтанд, бароед ва маро пеш карданд. Баъд сардухтури Шӯъбаи эҳёро аз бинои 5-ум оварданд. Вай гуфт, мо мебарем, хуб мешавад, инҷо шароит надорад. Вақте даромада шавҳарамро дидаму гуфтам, ба шумо чӣ шуд, Шавкат гуфт, инҳо маро чӣ коре карданд.”
Видеоро инҷо бинед:
Табибон иддаои пайвандони коргардони тоҷикро рад мекунанд ва мегӯянд, то охирин лаҳза талош карданд, ӯро наҷот диҳанд, вале пас аз ҷарроҳӣ бемориҳои кӯҳнаи ӯ рӯ заданд ва боис ба маргаш шуданд.
Нурулло Қурбонов, табиби ҷарроҳ дар бахши чоруми беморхонаи “Қарияи боло” рӯзи 12-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки пас аз ҷарроҳӣ бемор нафастанг шуд, вале ин ҳолатро ӯ ба рӯ задани дигар бемориҳои коргардон рабт медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар аксар ҳолат, пас аз ҷарроҳӣ бемориҳои кӯҳна рӯ мезананд ва қавтиар ба бадан зиён мерасонанд.
“Бемор қаблан сактаи дил гузаронида буданд, гепатити С, фишорбаландӣ, бронхити музмин доштанд. Ҳамаи ин ба ҳамин чизо оварда мерасонад,”—гуфт ӯ.
Умеда Халилова бар ин назар аст, ки пизишкон ҳангоми ҷарроҳӣ барои гирифтани санг аз талхадон ин узвро дар дохили бадан кафондаанд ва заҳри он боиси ҳалокати шавҳараш шудааст. Ӯ дар як муддати кутоҳ дубор ҷарроҳӣ шудани шавҳарашро ба ҳамин рабт медиҳад. Ӯ афзуд: “Баъд аз чанд рӯзи ҷарроҳии аввал ҳамаи рудаҳо часпид. Гуфтанд, бояд ҷарроҳии такрорӣ кунем. Ман дигар илоҷ надоштам. Гуфтам, мумкин нағз мешаванд. Худашон ҳам гуфтанд, ман розӣ, ҳар коре мекунед, кунед ё ин тараф ё он тараф дигар тоқат надорам. Духтурҳо маро даъват карда гуфтанд, агар чизе шуд, мо дар пеши Худо гунаҳкор нестем.”
Ҳамсари коргардон мегӯяд, шавҳараш баъд аз ҷарроҳии дуюм дигар ба худ наомад ва рӯзи 15-уми май дар бемористон даргузашт.
Дуруст ё нодуруст ҷарроҳӣ шудани Шавкат Халиловро мутахассисони Вазорати тандурустӣ санҷида, хулоса навиштаанд. Дар тақризе, ки бо имзои профессор Саидилҳом Аҳмадзода, ки нусхаи он дастрасӣ Радиои Озодӣ ҳам шуд, омадааст, ки “ ҷарроҳӣ бе мушкилоти техникӣ иҷро гаштааст”, вале “марги бемор аз норасоии бисёрузваи басуръат авҷгиранда ба вуҷуд омада, интоксикатсияи эндогении бисёромил сабабгори он мебошад.” Вожаи “интоксикатсия”, ки дар хулоса навишта шудааст, заҳролудшавӣ аст, вале дар ин санад шарҳ дода нашудааст, ки бемор аз чӣ заҳролуд шудааст.
Шавкат Халилов то дами маргаш саркоргардони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд. Наздикону пайвандонаш мегӯянд, ӯ дар риштаи коргардонӣ орзуҳои зиёде дошт, ки ҳамакнун барои ҳамешагӣ амалиношуда монданд.
Олимӣ Зиё, ёвари саркоргардони Театри опера ва балет гуфт, Шавкат Халилов операҳои миллӣ ва классикаҳои ҷаҳониро рӯйи саҳна овардааст, ки хеле ҷолиб ва хотирмонанд. “Нияти охиринаш таҳияи операи Рӯдакӣ аз нигоҳи нав буд. То муроҷиат ба духтурон, ҳеҷ гоҳ он кас шикоят намекарданд, ки бемор ҳастанд. Бештар пиёда мегаштанд, доим дар ҳаракат. Соати 5 алакай бедор буданд. Занг мезаданд, мепурсиданд, ки куҷоям. Ман бовар карда наметавонам, ки Шавкат Халилов аз беморие, ки боиси марг шуда бошад, фавтид,”-нигаронӣ кард ҳамсуҳбати мо.
Пайвандони коргардон зидди пизишкон ба Додситонии кулли Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе шикоят кардаанд. Онҳо мехоҳанд, табибон ба хатои худ иқрор кунанд ва ҷазо гиранд, то чунин воқеаҳо дар оянда такрор нашавад. Ҳоло дақиқ нест, ин даъвои онҳо чӣ натиҷа хоҳад дод. Сатҳи пасти тахассусии пизишкон ва муолиҷаҳои иштибоҳӣ дар Тоҷикистон зиёд мавриди интиқод қарор мегирад. Табибон иштибоҳҳоро рад намекунанд, аммо мегӯянд, вазъ ба он ҳадде нест, ки сокинон мегӯянд.
Гуфтугӯ