Пулиси ноҳияи Шаҳринав ба таҳқиқи ҷанҷоли келину хушдоман, ки навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд, оғоз кардааст.
Ҳодиса рӯзи 9-уми июн рух додааст ва наворҳое, ки дар он лаҳзаи ҳамлаи келин ба хушдоман дида мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба бор овард.
Келину хушдоман ҳамдигарро айбдор мекунанд
Гулбибӣ Эшонқулова, сокини 60-солаи ноҳияи Шаҳринав дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷанҷол пас аз он оғоз шуд, ки аз келинаш хоҳиш кард, набераҳояшро озор надиҳад.
Манижа Ҳусейнова, келини хонавода, баръакс хушдоман ва духтари ӯро гуноҳкор дониста, иддао дорад, ки нахуст онҳо ӯро латукӯб кардаанд.
Гулбибӣ Эшонқулова, хушдомани ин зан гуфт, “он рӯз келинам кӯдакашро як намуд зад, ки кӯдак омада ба ман часпид. Баъд ман дам назада, кӯдакро гирифта, гиря кардаму хона даромадам. Бо химча зад, дар пойи ман зад, кӯдак дар пешам, гирифта хона даромадам, боз аз хона гирифта кашола карда баровард.”
Ин зан осори зарберо дар дасташ нишон дод ва иддао кард, ки келинаш ӯро зад ва тела дод. Келини хонавода мегӯяд, аввал ба ӯ ҳамла карданд, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо лаҳзаҳои муқовимати ӯро нашр кардаанд.
Гулбибӣ Эшонқулова нақл кард, ки келинаш намехоҳад, духтари ӯ дар хона ҳамроҳи онҳо бошад. “Духтари ман низ аз маҷбурӣ назди мо омад. Шавҳараш нигоҳубинаш намекунад. Аз вақте ӯ ба инҷо омадааст, ҳар сол ҳамин хел мекунад. Бо духтарам ҷанг мешавад, духтарамро аз хона пешкунӣ мешавад,”—гуфт ӯ.
Ҷанҷоле, ки солҳо давом дорад
Келин баъд аз ҷанҷол ба хонаи падару модар рафтааст. Шавҳараш бо шунидани ин ҳодиса аз Русия ба Тоҷикистон баргашт.
Манижа Ҳусейнова, келини хонавода рӯзи 13-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷанҷол на барои латукӯби кӯдак, балки баъди он сар зад, ки хушдоманаш дар суҳбати телефонӣ бо нафаре ӯро ғайбат мекард.
“Ғайбат мекард ва чизе дар даҳонаш омад гуфт. Баъд ман ҳам қаҳрам кард, хестам дар гапҳояш ҷавоб гуфтам. Боз вай ба гапҳои ман ҷавоб гуфт, ҳамин хел ҷанҷоламон шуд,”-афзӯд, ӯ.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Манижа иддао дорад, ки латукӯб нахуст аз сӯи хушдоманаш сар задааст: “Бо мушту обҷушонак дар шикамам заданд, ҷонам дард кард охир, ман ҳомила, одами вазнин. Баъд зурам омад, бо чизе, ки форид, бо ҳамон задам. Баъди ин занозанӣ берун баромадам. Хоҳари шавҳарам омад ва маро тела зад, баъди вай хушдоманам омад. Дар навор ҳаст, ки фақат ба як даст ҳамин хел тела задаам, хушдоманам ғалтид ба пушт, боз духтараш омад.”
Ба гуфтаи ӯ, навори ҷанҷолро дар шабакаҳои иҷтимоӣ яктарафа нашр кардаанд ва лаҳзаҳое, ки ӯро задаанд, дида намешавад.
Писари хонавода роҳи ҳалро меҷӯяд
Табрез Эшонқулов, шавҳари Манижа, ки аз ҳамсари худ пуштибонӣ мекунад, дар назди пулис гуфтааст, дар ҷустуҷӯи роҳи ҳали ин мушкил аст.
“Ҳамин хонаро тақсим карда, таъмир мекунам, ба апаам медиҳем. Қисматеро, ки заҳмат кашида барои худам хона бунёд кардам, мефурӯшам, падару модарамро мегирам меравам. Ҷое дуртар аз апаам зиндагӣ мекунам,”—гуфт ӯ.
Манижаву Табрез соҳиби се фарзанд буда, тавре худашон гуфтаанд, дар зиндагӣ ҳамдигарфаҳмӣ доранд.
Ҳоло келину хушдоман ҳарду худро ҷабрдида медонанд. Онҳо ба шуъбаи корҳои дохилии Шаҳринав муроҷиат кардаанд ва таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст.
Баҳс аз нигоҳи коршинос
Дар Тоҷикистон хушунати хонаводагӣ ё ҷанҷоли келину хушдоман як масъалаи доғ боқӣ мондааст, ки гоҳе ҳатто бо марг ё худкушӣ меанҷомад.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҷомеашинос Беҳрӯ Насурова ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло таҳамулпазирии ҷавонон кам шудааст ва дидгоҳи онҳо ба масоили хонаводагӣ аз куҳансолон тафовут дорад.
“Оилаҳои ҷавони мо имрӯз мехоҳанд камтар вобаста бошанд, яъне бештар мустақилиятро ба худ дошта бошанд. Мехоҳанд алоҳида зиндагӣ кунанд, худашон роҳбар бошанд. Ҳар масъалае набошад, худашон мехоҳанд, роҳи ҳалли масъаларо ёбанд. Ба машварату маслиҳати калонсолон камтар ниёз доранд ва ҳамин аст, ки арзишҳо тағйир ёфтанд,”-шарҳ дод, Беҳрӯ Насурова.
Ӯ таъкид намуд, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ на ҳамеша имкон медиҳад, дар хонаводаҳо фарзандонро баъди хонадоршавӣ зуд ҷудо кунанд, вале арзишҳое мисли эҳтироми падару модар ё хусуру хушдоман бояд ҳамеша нигоҳ дошта шавад.
Бино бар омори расмӣ, танҳо соли гузашта бештар аз 4 ҳазор нафар аз зӯроварӣ дар оила ба мақомот шикоят кардаанд. Зиёда аз 13 ҳазор оила вайрон шудааст, ки 162 адад бештар аст.
Гуфтугӯ