Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, мумкин аст, ҳаво дар кишвар ба ҳадди тоқатфарсо ва то 40 дараҷа гарм шавад. Ҳарорате, ки дар аввали моҳи июн дар Тоҷикистон кам дида мешавад. Пизишкони тоҷик мегӯянд, мардум ва бахусус онҳое, ки бемории дил доранд, бояд дар ин гуна рӯзҳо эҳтиёт кунанд.
Марҷона Мусоева, табиби бемориҳои дил: “Барои пешгирӣ кардани хатари гармӣ бояд нушокӣ истифода баранд, на камтар аз якуним литр. Аз нӯшокиҳои ширин ва газдор худдорӣ кунед ва хӯрокҳои равғанин ҳам. Дар вақти гармӣ аз соати 11 то 16 дар нурӣ офтоб камтар истед, либосҳои пахтагӣ ва озод пӯшед.”
Ба гуфтаи пизишкон, беморони дил, қанд ва касоне, ки аз фишори хуни боло ранҷ мебаранд, бояд дар ин рӯзҳо бештар мувозиби саломатии худ бошанд.
Марҷона Мусоева: “Агар Шумо дар худ ва ё наздиконатон нишони беҳоливу бемадорӣ, баланд ё паст шудани фишори хун, сурх шудани рӯй, қайкунӣ, дилбеҳузурӣ мушоҳида карда бошед, ҳатман дар соя шинед ва оби хунук нушед”.
Ҳавои гарм аз ҳолр сокинонро дар ҷустуҷӯи соя ва ҳавои муносиб ба боғҳо ё соҳили дарёҳо мебарад. Маҳтоббӣ ҳам дар ин рӯзҳои гарм писарашро барои оббозӣ ба “Кӯли Ҷавонон” дар Душанбе овардааст.
Маҳтоббӣ Баҳтурова сокини пойтахт: “Нигоҳ мекунем кӯдакҳоро. Нигоҳ накунӣ, об калон аст, хатарнок аст, барои кӯдакон. Бояд то охир шинӣ ҳамроҳашон.”
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор додааст, ки ҳангоми шино дар рӯдхонаҳо, ҳавзу кӯлҳо эҳтиёт кунанд. Ба гуфтаи мақомот, аз ибтидои сол то кунун дар кишвар бештар аз 40 нафар хурдсол ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода: “Мушкили бузург он аст, ки таҳсилот ба охир мерасад ва хавф ниҳоят зиёд мегардад, ки кӯдакон ба таътили тобистона мебароянд. Муроҷиати кумита бори дигар ба падару модарон аст, ки реҷаи истироҳатии фарзандони худро бо кӯдаконашон таҳия намоянд. Онҳоро набояд беназорат гузоранд, чун аллакай талафот хеле бузург аст”.
Бар асоси пешбинии Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон, ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон дар се рӯзи оянда ба 38-43 дараҷа ва Суғд ба 35-40 дараҷа хоҳад расид.
Гуфтугӯ