Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт. Боздошти даҳҳо шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон


Як қитъаи сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Як қитъаи сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон дар амалиёте даҳҳо шаҳрванди Афғонистонро боздошт кардаанд. Дар миёни онҳо низомиёни собиқ низ ҳастанд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, амалиёт тӯли як ҳафта дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар як минтақаи марзии назораташ душвор ва касногузар гузаштааст.

Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора расман изҳорот надоданд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ рӯзи 8-уми июн гуфтанд, ки “ин афрод бо худ силоҳ доштаанд”.

“Ҳоло боздоштшудаҳоро ба шаҳри Душанбе бурданд. Сарнавишти баъдии онҳо маълум нест,” – гуфт яке аз манбаъҳо.

Дақиқ нест, онҳо кай ва чӣ гуна ба хоки Тоҷикистон гузаштаанд.

Дар тобистони соли 2021 ва баъди ба қудрат расидани Толибон садҳо низомиву халабон ва мардуми одии Афғонистон ба Тоҷикистон ва Узбекистон паноҳ оварда буданд.

Баъзе аз онҳо ба кишвари севум рафтанду бахше дигар ба Афғонистон баргардонда шуданд. Дигарон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ҳастанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG