Як ҳайат аз Додситонии вилояти Хатлон “мавридҳои ғасби замин”-ро дар ноҳияи Ёвон таҳқиқ мекунад.
Таҳқиқ пас аз он сар шуд, ки охири ҳафтаи гузашта додситони ноҳия Маҳмуд Шарифзода ба гумони “чашмпушӣ” ба ғасби замин аз мансаб ронда шуд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Маҳмуд Шарифзода писари Иззатуло Шарифов аст, ки беш аз дувоздаҳ сол сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон буд. Шарифов соли 2018 аз мақом барканор шуд.
Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотии вилояти Хатлон рӯзи 7-уми июн гуфтанд, “Додситонии кулли Тоҷикистон ғасби заминҳои кишоварзиро дар ноҳияи Ёвон ҷиддӣ гирифтааст”.
Ба иттилои онҳо, дар ноҳияи Ёвон даҳҳо мавриди "истифодаи ғайриқонунии замин" ошкор шуда, ки “додситонии Ёвон ҳамчун ниҳоди нозири риояи қонунҳо ба онҳо чашм пӯшидааст”.
“Соли гузашта дар ноҳияи Ёвон ҳамагӣ 14 парванда барои ғасби замин боз шудааст, вале тафтиш нишон дод, ки аз наздик ба сад ҳолат чашмпӯшӣ шуда ва прокуратура ҳеч чора надидааст,” – гуфт яке аз манбаъҳо.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 6-уми июн тамоми маълумотро дар бораи Маҳмуд Шарифзода аз саҳифааш пок кард.
Талошҳои мо барои дарёфти назари Шарифзода ё шахсони наздик ба ӯ ҳанӯз натиҷа надод.
Маҳмуд Шарифзода соли 2020 додситони ноҳияи Ёвон таъйин шуд ва маъмулан додситонҳо панҷ сол ҳаққи кор дар як ноҳияро доранд.
Фурӯш ва истифодаи ғайриқонунии заминро дар Тоҷикистон як “дарди бедаво” меноманд.
Ба эътирофи мақомот, дар чанд соли охир дар садҳо гектар замини кишоварзӣ сокинон хона сохтаанд, ки хилофи қонун аст.
Коршиносон сабаби идома ёфтани ғасби заминро дар ҷой доштани фасод дар ҳукумату мақомоти интизомӣ меноманд, ки садди ислоҳи вазъ шудааст.
Гуфтугӯ