Додгоҳи олии Тоҷикистон як афсар ва ҳафт сарбози собиқро ба латукӯби наваскарон дар қисми низомии Нерӯҳои марзбонии КДАМ гунаҳкор кард. Як афсару се сарбози собиқ 11-унимсолӣ ва чаҳор нафари дигар 9-унимсолӣ зиндонӣ шуданд.
Назари афсару сарбозон, хонавода ва вакилони мудофеи онҳо ба ҳукм феълан дастрас нест. Навори латукӯби сарбозон моҳи апрели имсол расонаӣ шуд ва хашми бисёре аз корбаронро барангехт.
Кӣ чанд сол гирифт?
Ҳукми ҳафт сарбозу як афсар рӯзи 30-юми май аз тарафи додраси Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ дар шаҳри Хуҷанд эълон шуд. Мақомот ҷузъиёти онро намегӯянд.
Рӯзи 31-уми май дар Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, "ба сабаби ба қувваи қонунӣ надаромадани ҳукм" онро шарҳ намедиҳанд.
Ду иштирокдори мурофиа ба Радиои Озодӣ гуфтанд,
- подполковник Нузҳат Лазуриев ба 11,6 сол
зиндон маҳкум шуд. Ӯро ба суистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ гунаҳкор карданд. Ин банди қонун (моддаи 391, қисми 3, банди “б”)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро дар назар дорад.
Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми май ҳуҷҷатеро ёфт, ки бар асоси он ҳафт сарбози собиқ
- Ҷонибек Қосимзода 9 солу 6 моҳ;
- Фахриддин Азимов 9 солу 6 моҳ;
- Маҳмадназар Нозимов 9 солу 6 моҳ;
- Суннатулло Холматов 9 солу 6 моҳ;
- Ҳоҷиакбар Сайфуллоев 11 солу 6 моҳ;
- Аъзамҷон Камолов 11 солу 6 моҳ;
- Шамсулло Юсупов 11 солу шаш моҳ
аз озодӣ маҳрум шудаанд. Сарбозонро ба "вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ” гунаҳкор донистаанд. Қисми 2-и моддаи 373-и Кодекси ҷиноӣ барои ин иттиҳом аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
"Мурофиа ба таври боз гузашт"
Масъулони Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ гуфтанд, мурофиа ба таври боз ва дар бинои Додгоҳи ҳарбии гарнизонии шаҳри Хуҷанд гузашт. Намояндагони ду телевизиони маҳаллии вилояти Суғд мурофиаро сабт кардаанд. Масъулони телевизионҳо ба сабаби иҷоза надоштан аз сӯи додрас, аз пешниҳоди навор худдорӣ карданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ давоми ду рӯзи охир талош кард, бо наздикон ё вакилони дифои сарбозону афсарон суҳбат карда, назари онҳоро бигирад. Кӯшишҳои мо барои ёфтани онҳо бенатиҷа буд. Ҳоло маълум нест, шаш сарбозу афсар ҳукми додгоҳро қабул кардаанд ё не. Дар сурати дарёфти назари пайвандону вакили дифои сарбозон, мо онро дар матлаб илова мекунем.
Ҳафт сарбозу афсар охири моҳи апрели имсол ва дар пайи пахши навори латукӯби сарбозон дар як қисми марзбонӣ боздошт шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ҳодиса рӯзи 15-уми декабри соли 2022 дар қисми ҳарбии 0215-и қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон рух додааст. Ин қисми ҳарбӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ҷойгир аст.
Бадрафторӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон мушкили куҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ