Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи як автобус муҳоҷиронро то Котелники набурдааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ронандаи мусофирбаре, ки беш аз 50 муҳоҷирро бояд аз Хуҷанд ба шаҳраки Котелникии вилояти Маскав мебурд, аз идомаи сафар худдорӣ кардааст.

Муҳоҷирон гуфтанд, ба ҳафт ҳазор рубл рӯзи 25-уми май билет харида, ба роҳ баромада буданд.

“Ронандаи автобус рӯзи 31-уми май дар шаҳри Самара моро фаровард ва гуфт, ки ба шаҳраки Котелники нахоҳад рафт," – гуфт яке аз муҳоҷирон рӯзи 31-уми май.

Ронанда ба зангҳои мо посух надод.

Шаҳри Котелникии Маскав, ки муҳоҷирон ба он сафар доранд, бо хабарҳои фишору азияти тоҷикон дар онҷо дар сархати расонаҳо ҷой дорад.
Дар ду ҳафтаи охир мақомоти Русия дар ин шаҳр садҳо муҳоҷири тоҷикро боздошт кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG