Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат: 57 боздоштшуда дар Маскав муҳоҷирони тоҷик буданд


Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, аз 150 нафаре, ки субҳи 30-юми май дар маҳаллаи наздик ба метрои Митинои Маскав дастгир шудаанд, 57 нафар муҳоҷирони тоҷик ҳастанд. Сафорат мегӯяд, айни ҳол 20 нафари онҳо озод шуда, тафтиши ҳуҷҷатҳои будубоши муҳоҷирони боқимонда идома дорад.

Пулиси минтақа ба намояндагони сафорат гуфтааст, пас аз анҷоми тафтиши ҳуҷҷатҳои боздоштшудаҳо, тибқи муқаррарот озод хоҳанд шуд. Дар миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони кишварҳои дигар низ будаанд.

Муҳоҷирони тоҷик бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки онҳоро аз хоб бедор карданд ва дар чор автобус ба Шуъбаи пулиси ноҳияи Митино бурданд. Муҳоҷирон гуфтанд, онҳо дар ширкати сохтмонии "Пик" дар наздикии метрои Митинои Маскав кор мекарданд ва ҷойи хобашон низ онҷост.

Ба гуфтаи баъзе аз муҳоҷирони боздоштшуда, пулис онҳоро барои гуё мувофиқ набудани ҳуҷҷати будубош дар макони иқомат 5 ҳазор рублӣ ҷарима бастааст. Мақомоти Русия ҳодисаро шарҳ надоданд.

Дар чанд рӯзи охир боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст.

Ҳафтаи гузашта дар шаҳраки Котелники садҳо муҳоҷири тоҷикро дастгир карданд. Маъмурони ОМОН, нерӯҳои вижаи пулиси Русия, беш аз сад донишҷӯйи тоҷики донишгоҳи Амурро заданд. Сафорати Тоҷикитон дар Русия гуфт бо ин гуруҳи донишҷуён мулоқат карда ба онҳо кумак кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG