Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад Гулзода, тарафдори эҳёи мактабҳои тоҷикӣ дар Бухоро, даргузашт. ВИДЕО


Асад Гулзодаи Бухороӣ
Асад Гулзодаи Бухороӣ

Шоиру рӯзноманигор ва яке аз тарафдорони эҳёи мактабаҳои тоҷикӣ дар Бухоро, Асад Гулзодаи Бухороӣ, рӯзи 29-уми май дар 88-солагӣ даргузашт. Пайвандонаш дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Сабаби даргузашти нависандаи тоҷики Узбекистон эълон нашудааст. Худи Асад Гулзодаи Бухороӣ тақрибан ду моҳ пеш дар мусоҳиба бо хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз вазъи саломатияш шикоят карда буд.

Ӯ дар чанд соли охир дар Амрико зиста, барои баргузории маҳфилҳои эҷодиву нашри китобҳояш зуд-зуд ба Тоҷикистону Узбекистон меомад.

Асад Гулзодаи Бухороӣ 5-уми январи соли 1935 дар деҳаи Шавгони ноҳияи Пешкӯҳи вилояти Бухоро зода шудааст. Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш, маълумоти олиро дар факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе гирифт.

Асосан барои кӯдакону наврасон менавишт. Маҷмӯаи шеъраш дар Душанбе, Бухоро, Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд, ки "Насими Бухоро" (2001), "Хатти пешонӣ" (2003) ва "Бухоро" (2004) аз ҷумлаи онҳоянд.

Ин навори суҳбат бо Асад Гулзодаи Бухороӣ моҳи марти имсол сабт шудааст:

Гуфтугӯ бо Асад Гулзодаи Бухороӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:29:17 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG