Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Куллиёти Мавлоно” ва бойгонии аморати Бухоро - дар мероси ҳуҷҷатии ЮНЕСКО


Дар Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил мешавад
Дар Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил мешавад

Бо як қарори идораи илму фарҳанг ва маорифи СММ “Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” ва бойгонии Қушбегии аморати Бухоро ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуданд. Одри Азуле, дабири кулли ЮНЕСКО хабар дод, ки рӯзи 24 май бар асоси овоздиҳии пӯшидаи кишварҳои узв 64 номгӯйи осору матнҳои таърихии ҷаҳонӣ ба феҳристи навшудаи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуданд.

Азуле гуфт, дар такмили нави феҳристе, ки ҳамакнун дар он 494 санаду осори таърихӣ ворид карда шудааст, 56 кишвар иштирок карданд ва бист дар сади онҳо муштаракан дар пешбарии мероси ҳуҷҷатӣ ҳамкорӣ нишон додаанд. Дар пешбарии “Куллиёт”, ки ба қалами Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоир, файласуф, олим, яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик дар асри XIII тааллуқ дорад, Тоҷикистон ва ҳам Булғористон, Олмон, Эрон, Туркия, Узбекистон ҳамкорӣ кардаанд.

Пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ аз 30 сентябри соли 2022: "Аз ашъори Мавлоно чӣ медонед?"

Ба навиштаи ВКХ Тоҷикистон, ки ин хабарро нашр кардааст, Куллиёти Мавлоно «Маснавии Маънавӣ», «Девони Шамси Табрезӣ», «Фиҳи мо фиҳи», «Маҷолиси Сабъа» ва «Мактубот»-ро дар бар гирифта, ба забони тоҷикӣ навишта ва ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шудаанд. «Маснавии Маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон тӯли солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.

Бойгонии Қушбегии аморати Бухороро Узбекистон пешбарӣ карда таъкид шудааст, ки ин маҷмӯи бисёр муҳими санадҳо рӯйдодҳои таърихиро дар тӯли беш аз 200 сол дар қаламрави Узбакистони имрӯза, Туркманистон, Тоҷикистон ва қисман Афғонистон инъикос мекунад. Ин бойгонӣ инчунин дар бораи муносибатҳои дипломатии аморати Бухоро бо Русия, Британиёи Кабир, Туркия, Эрон, Афғонистон, Ҷопон ва ИМА, бо Хива ва хониҳои Қӯқанд дар Осиёи Марказӣ маълумоти муфассал фароҳам мекунад.

9,5 ҳазор баста ё папкаи санадҳои таърихи аморати Бухоро, ки ба забонҳои форсӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, чағатойӣ, русӣ ва ғайра навишта шудааст, ҳоло дар Архиви марказии давлатии Узбекистон нигаҳдорӣ мешавад.

ЮНЕСКО мегӯяд, “мероси ҳуҷҷатӣ таърихи умумии инсоният аст. Он бояд ба хотири таҳқиқу омӯзиши оянда ва бештар ҳифз шавад ва дар миёни мардумони ҷаҳон ҳарчи бештар нашр ва таблиғ гардад. Ин бахше аз таърихи бунёдии умумии сокинони сайёра мебошад”. Ба мероси ҳуҷҷатии ЮНЕСКО ин навбат инчунин инчунин бойгонии вобаста ба кушторҳои нозиҳои олмонӣ дар Бабий Яри Украина ва филме дар бораи Ҳолокости Клауде Ланзманн ва 200 соат сабтҳои архивии он шомил карда шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG