Сабоҳат Қосимова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ шоми 24-уми май дар 72-солагӣ даргузашт. Чанд соли охир аз саратон ранҷ мекашид.
Шогирдону ҳаводорони ҳунари Сабоҳат Қосимова рӯзи 25-уми май барои видоъ бо ӯ ба манзилаш омада буданд. Вай бо вуҷуди бемории сахт ҳар рӯз дар театр буд.
Саидҷон Муродов, ҳунарманди театри “Аҳорун” мегӯяд, Сабоҳат Қосимова бори охир се ҳафта пеш ба театр омада буд: “Омаданд ва бо ҳамаи мо алвидоъ гуфтанд. Эҳсос мекарданд, ки аз байни мо дур мешаванд. Ҳар яке аз моро ба оғӯш гирифта, мебӯсиданд. Мегуфтанд, ин дидори охирини мост.”
Сабоҳат Қосимова баъд аз хатми Донишкадаи омӯзгорӣ ба театр омад. Ҳамроҳи шавҳараш коргардони шинохта Фаррухи Қосим соли 1990 театри “Аҳорун”-ро таъсис дод ва дар 80 намоишнома нақш офарида, дар ниме аз онҳо қаҳрамони асосӣ буд. Аз ҷумла, Зулайхо дар намоишномаи “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон”, Катоюн дар “Исфандиёр”, модар Марям дар “Даҷҷол”.
Бахши дигари зиндагии ӯ тарбияи ҳунармандони ҷавон буд. Ҳунармандони шинохтае аз қабили Қурбони Собир, Нозим Меликов, Хуршед Мустафоев, Мавлона Наҷмиддинова, Қамариддин Мирзоев парвардаҳои мактаби Сабоҳат Қосимова ва шавҳараш Фаррухи Қосим аст.
Сабоҳат Қосимова баъд аз марги шавҳараш Фаррухи Қосим роҳбари театри “Аҳорун” шуд. Дар ин ҷо асосан ҳунармандони ҷавон кор мекунанд. Ҳамкоронаш мегӯянд, Сабоҳат Қосимова аз вазъи театри тоҷик дар солҳои ахир ғамгин буд, вале умедашро аз даст намедод.
Қамариддин Мирзоев, саркоргардони Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов афзуд, “пайваста мегуфтанд, як рӯзе хуб мешавад, як рӯзе ҳамааш ҷобаҷо мешавад. Муҳим, ки шумо кор кунед, муҳим шумо шуғлро аз даст надиҳед ва касбро дӯст доред ва домони театрро раҳо накунед.”
Ба гуфтаи ин коргардони тоҷик, дар ду соли охир беш аз 30 ҳунарманди театру синамои тоҷик даргузаштаанд.
Ҳабибулло Абдураззоқов, Фотима ва Соҷида Ғуломоваҳо, Раҳмондӯсти Қурбониён, Қиёмиддин Чақалов, Убайдулло Раҷабов, Носир Ҳасанов, Шералӣ Абдулқайсов, Асалбегим Саодатова ва Назирмад Мӯсоев аз ҷумлаи ҳунармандони театру синамои тоҷик буданд, ки баъд аз соли 2021 даргузаштанд.
Сабоҳат Қосимова акнун ба онҳо пайваст. Ин рафтанҳо, ба гуфтаи ҳунармандон, рӯи театру синамои тоҷик бетаъсир намемонад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ