Масҷиди калонтарини Тоҷикистон, ки бо пули Қатар сохта шудааст, рӯзи 8-уми июн ифтитоҳ мешавад. Дар ин бора ду манбаи аз ҳам ҷудои Радиои Озодӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи онҳо, барои кушодани масҷиди калонтарин як ҳайати баландмақом аз Қатар ба Тоҷикистон меоянд. Сафари ҳайати Қатарро дар дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон тасдиқ карда, аммо дақиқ нагуфтанд, кӣ меояд.
Масҷиди бузургтарин дар Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз чаҳор манораи баландиашон 65-метрӣ, гунбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.
Сохтмони масҷидро соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, оғоз карда буданд.
Бунёди ин масҷид дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳо, аз ҷумла озодиҳои динӣ, танқид мекунанд.
Гуфтугӯ