Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли ҷасади 18 паноҳҷӯйи афғон аз Булғористон ба Кобул


Ҷасади 18 шаҳрванди Афғонистонро, ки чанд моҳ пеш дар Булғористон ҷон бохтанд, рӯзи 24-уми май ба Кобул фиристоданд.

Ҳофиз Зиё Аҳмад Такал, муовини сухангӯи ҳукумати Толибон, гуфт, ин афрод дар роҳ ба сӯи София, пойтахти Булғористон, бинобар нарасидани ҳаво дар як контейнер ҷон доданд.

Вазорати корҳои хориҷии Булғористон 17-уми феврали имсол аз пайдо шудани 18 ҷасади шаҳрвандони Афғонистон дар як мошини борбар хабар дод ва гуфт, ин паноҳҷӯён ба таври ғайриқонунӣ вориди он кишвар шуда буданд.

Муовини сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон афзудааст, интиқоли ҷасадҳо ба далели, ба гуфтаи ӯ, таъхир дар қарори додгоҳи Булғористон ва таҳримҳои бонкӣ дер сурат гирифт.

Пас аз баргаштани Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли 2021 раванди муҳоҷират ба кишварҳои ҳамсоя ва сипас Аврупо афзоиш ёфтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG