Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия Баҳром Ҳамроевро 14 сол зиндонӣ кард


Баҳром Ҳамроев
Баҳром Ҳамроев

Додгоҳе дар Русия Баҳром Ҳамроев, ҳомии ҳуқуқи созмони "Мемориал"-ро 14 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Канали Маркази ҳомии ҳуқуқи инсони "Мемориал" дар Телеграм иттилоъ дод, ки тибқи қарори додгоҳ Ҳамроев се соли аввалро дар зиндони пӯшида, боқии ҷазоро дар маҳбаси дорои низомаш сахт адо хоҳад кард.

Вай ҳамчунин чаҳор сол ҳақ надорад, манбаъҳои интернетиро идора кунад.

Ҳамроев 24-уми феврали соли 2022 дар Русия боздошт шуд.

Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ ӯро ба таъсиси созмони террористӣ айбдор кард. Дар айбномаи хадамоти амнияти Русия омадааст, ки Ҳамроев "ба афроди дар терроризм айбдоршаванда кумаки ҳуқуқӣ расонида" ва "ба Додгоҳи байналхалқии ҳуқуқи инсон дар Страсбург шикоят навиштааст".

Тимофей Широков, вакили мудофеи Ҳамроев, иттиҳомро ҳазён номид.

Баҳром Ҳамроев зодаи Бухорои Узбекистон аст, ки соли 1992 ин кишварро тарк кардааст. Давоми 25 соли охир ӯ дар Русия аз ҳуқуқи муҳоҷирон, гурезаҳо ва мусалмонон ҳимоят мекард.

XS
SM
MD
LG