Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз табиб то мулло. Фурӯши иҷбории билети консерти Юлдуз дар Ваҳдат


Юлдуз Усмонова, сарояндаи шинохтаи Узбекистон
Юлдуз Усмонова, сарояндаи шинохтаи Узбекистон

Пизишкону омӯзгорон ва бархе имомхатибон дар шаҳри Ваҳдат мегӯянд, онҳоро барои харидории билет консерти Юлдуз Усмонова, сарояндаи шинохтаи Узбекистон, маҷбур кардаанд.

Рӯзи 23-юми май сарояндаи узбекистонӣ ба муносибати “Рӯзи ҷавонон” бояд дар варзишгоҳи марказии ин шаҳр, ки беш аз 26 ҳазор ҷои нишаст дорад, суруд хонад.

Арзиши билетҳои ин маъракаро аз 30 то 50 сомонӣ нарх гузоштаанд.

Як пизишки беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат, ки билет харидааст, мегӯяд, ба баргузории консерт ва тамошои он мушкиле надорад, вале набояд билетҳоро маҷбурӣ фурӯшанд. Ӯ мегӯяд, аз ӯ маҷбурӣ пули на як, балки шаш билетро гирифтаанд. “Як рӯз пеш оварданд, гуфтем, майлаш як билет мехарем. Фардояш боз панҷтогӣ ба ҳар як духтур билет оварда доданд, ки хоҳ меравед, хоҳ не, маблағашро месупоред. Нархи ҳар як билет 50 сомонӣ аст ва муҳим нест, ки меравӣ ё не, вале пулашро аз кисаи худат бояд диҳӣ. Ҳоло дар дастам шаш билет дорам, барои ин ман бояд 300 сомонӣ пардохт кунам,”-афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Билете, ки ба пизишкону омӯзгорон маҷбурӣ фурухтаанд.
Билете, ки ба пизишкону омӯзгорон маҷбурӣ фурухтаанд.

Як омӯзгори мактаби миёна низ дар ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат, ки нахост номаш бурда шавад, айнан ҳамин шикоятро дорад. Ӯ рӯзи 22-юми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба мактаби онҳо 10 билети консерти Юлдуз Усмоноваро додаанд ва таъкид кардаанд, ки маблағи билетҳоро ҷамъ кунанд. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ҳар як билете, ки маҷбурӣ ба омӯзгорон фурухта мешавад, 30 сомонӣ арзиш дорад. “Барои мактаби мо 10 билет доданд. 10 билети дигар барои қишлоқ оварданд. Ин пулаш аз ҳисоби худамон аст,”—гуфт ӯ.

Зоҳиран, на танҳо омӯзгорону пизишкон, балки ба дигар кормандони давлатӣ ва имомхатибони маҳаллӣ низ бо роҳи маҷбурӣ билети консерт додаанд. Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳое, ки билет харидаанд, барояшон гуфтаанд, ширкаташон дар консерт муҳим нест.

Дар ҳукумати шаҳри Ваҳдат гуфтанд, консерт бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба муносибати “Рузи ҷавонон” баргузор мешавад.

Шоира Абдураҳимова, муовини раиси шаҳри Ваҳдат рузи 22-юми май дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, касеро барои харидани билети консерт маҷбур накарданд, вале кадом корхонаҳое, ки дар шаҳри Ваҳдат фаъолият мекунанд, бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” ҷалб шудаанд.”

“Аз тарафи Вазорати фарҳанг ба шаҳри Ваҳдат барои баргузории консерти Юлдуз Усмонова ҳунарпешаи Узбекистон мактуб омадааст. Билетҳо ба мо пешниҳод шудааст. Билетҳо 30 ва 50 сомонӣ аст. Ин як нархи дастрас аст, ки мардум омада хурсандӣ кунанд,”—гуфт муовини раиси ҳукумати Ваҳдат.

Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин мавзӯъ худдорӣ карданд. Як масъули ин вазорат бидуни он ки ба суолҳо дар мавриди баргузории ин консерт посух диҳад, бо асабоният гуширо гузошт.

Дар Тоҷикистон солҳост, ки пизишкону омӯзгоронро барои харидани билети консертҳо ва намоишномаҳои театрӣ маҷбур мекунанд. Дар гузашта низ омузгорон дар шаҳри Панҷакент аз харидории иҷбории билети консерти Муҳаммадрофеъ ва Нозияи Кароматулло, овозхонҳои тоҷик, шикоят карда буданд.

Қарор аст, Юлдуз Усмонова овозхони эстрадаи Узбекистон шоми 22-юми май дар шаҳри Душанбе консерт барпо кунад. Нархи ин консертро дар “Амфитеатр”-и пойтахт аз 300 то 400 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG