Рӯзи 10-уми май Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон дар чаҳорчуби нахустин сафари давлатияш ба Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд. Қарор буд, ин сафар 10-11-уми апрел баргузор шавад, аммо бо сабаби даргузашти модаркалони президент Бердимуҳаммадов сафари раиси ҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон ба таъхир уфтода буд.
Президент Раҳмон раиси ҷумҳури Туркманистонро дар Қасри Миллат пазироӣ карда, дар поёни музокирот тарафҳо 23 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд.
Баъд аз анҷоми гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ду кишвар дар “Қасри Миллат” маросими маҷозии оғози сохтмони мактаби миёна бо сармоягузории ҷониби Туркманистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Тоҷикистон баргузор шуд. Ин мактаб барои омӯзиши 1080 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, сохтмони мактаби ба номи Махтумқулӣ дар минтақаи туркманнишини Тоҷикистон ба таҳкими равобити миёни Душанбе ва Ашхобод мусоидат мекунад. Президентҳои ду кишвар ба масъулони сохтмони мактаб иҷозаи оғози корҳои сохтмониро дода, сипас дар ҳузури хабарнигорон изҳороти худро ироа карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз натоиҷи нахустин сафари давлатии Сардор Бердимуҳаммадов истиқбол карда, изҳор дошт, ки бо имзои созишномаи нав дар Душанбе равобити ду кишвар то ба сатҳи “ҳамкориҳои амиқи стратегӣ боло бурда шуд”:
“Ин иқдоми таърихӣ мебошад ва ҷавобгӯи манфиатҳои халқҳоямон аст. Ин санад ҳамчунин яке аз омилҳои рушд ва суботи минтақа низ мебошад,”—гуфт, Раҳмон.
Раиси ҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов таъкид дошт, ки музокироти ҷонибҳо дар фазои тафоҳуми ҳамдигар ва ошкорбаёнӣ сурат гирифтанд.
“Дар ин музокирот ба масоили таъмини сулҳу субот ва амнияти умум таваҷҷӯҳи бештар карда шуд. Кишварҳои мо мутмаинанд, ки куллияи масоили ҷаҳонӣ бояд танҳо аз роҳи сулҳу музокирот ҳалли худро пайдо кунанд,”—гуфт, Бердимуҳаммадов.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Зимнан, сафари Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон дуруст баъд аз як рӯзи сафари президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба пойтахти Русия барои таҷлили Рӯзи Ғалаба сурат гирифт. Интизор меравад, ҳафтаи оянда раисони ҷумҳури кишварҳои минтақа бо шумули президент Раҳмон ва Сардор Бердимуҳаммадов барои баррасии тарҳи нави ҳамкориҳо бо Чин озими Пекин шаванд. Бархе аз соҳибназарон ҳадс мезананд, ки ҳадафи аслии сафари президентҳои минтақа ба Маскав гирифтани иҷозаи мақомоти Русия барои густариши ҳамкориҳо бо Чин будааст. Аммо, Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон бо чунин назар мувофиқ нест.
Ӯ гуфт: “Сафаре, ки рӯзи пеш ба Маскав сурат гирифт, ин пеш аз ҳама эҳтиром ба хотираи муштарак миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ вобаста ба иштирокашон дар Ҷанги бузурги ватанӣ аст. Сафари дар пеш истода ба Чин ин бори аввал ширкати ҳузурӣ дар саммити Чин+5 аст, ки то ҳол танҳо ба сурати маҷозӣ сурат мегирифт. Дар ин ҷаласа кишварҳо бо мақомоти Чин масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ ва амниятиро дар марҳилаи феълии рушди истиқлолияти худ баррасӣ мекунанд.”
Бархе аз соҳибназарон сафари феълии Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистонро талоши табодули таҷриба барои интиқоли қудрат аз падар ба писар арзёбӣ мекунанд. Зеро, президенти феълии Туркманистон писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар аст, ки соле пеш ба курсии падар нишаст.
Шояд, ин нукта яке аз далелҳоест, ки бештаре аз созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон Туркманистон ва Тоҷикистонро дар садри феҳристи кишварҳои саркӯбгари озодии инсон дар ҷаҳон ҷой медиҳанд.
Гуфтугӯ