Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди 111-солаи тоҷик аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ гуфт. ВИДЕО


Абдурашид Каримов, сокини деҳаи Шоҳамбарии  шаҳри Ҳисор
Абдурашид Каримов, сокини деҳаи Шоҳамбарии  шаҳри Ҳисор

Кӯҳансолтарин сарбози тоҷик дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ хотироти худ аз 80 соли пешро ба Радиои Озодӣ нақл кард.

Абдурашид Каримов, сокини деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор, аз кӯҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар Тоҷикистон аст. Ӯ 111 сол дорад. Баъди камтар аз ду моҳ, яъне, якуми июл ба сини 112 мерасад. Ин сокини шаҳри Ҳисор рӯзи 8-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, соли 1942 ӯро, ки омӯзгори мактаби деҳа буд, ба ҷанг даъват карданд.

“Маро мустақим аз инҷо ба Бухорою Самарқанд бурданд ва дар онҷо 1-2 моҳ машқ доданд. Баъдан ба фронт бурданд. Сталинград рафтем. Командирамон, генерал Лужков Василий Иванович буд, дар иҳота мондем. Дар инҷо ҷанг кардем, баъд аз он мо ҷангида Ростов Дон рафтем, онҷо тир хурдам,"--афзуд, Абдурашид Каримов.

Ӯ алайҳи фашистон дар Чехословакияи пешину Олмон ҷангидааст. Чанд бор маҷрӯҳ шудааст, вале ҳар бор аз марг наҷот ёфта, дубора ба сафи артиш баргаштааст.

Видеоро инҷо бинед:

Абдурашид Каримов- куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:14 0:00

Абдурашид Каримов нақл кард, ки дар озод кардани шаҳри Киеву чандин шаҳрҳои хурду бузурги дигар саҳм дорад: “Баъди озод кардани шаҳри Киев, Киров, Воронеж, Лвов, Кейземберг дар озод кардани бисёр шаҳрҳои Украина полки мо иштирок кард. Баъд ман боз тир хурдам. Маро ба госпитали шаҳри Житомир оварданд. Дар Украина. Он ҷо ҳам қариб 4 моҳ хоб кардем, боз ба фронт баргаштам. Ба полки худамон ғалтидам. Баъд аз Украина полки мо дар озод кардани Полша иштирок кард. 3-юми апрели соли 1945 армияи мо Берлин даромад. Баъд аз Берлин моро барои озод кардани Прага равон карданд. То 9-уми май мо Чехословакияро озод кардем. 9-уми май ба Прага даромадем."

Ӯ саҳми тоҷиконро дар ин ҷанг бузург медонад. Марги тоҷике дар пеши чашмонаш аз хотироти талхест, ки наметавонад фаромуш кунад. Аз Тоҷикистон ҳамроҳаш ҷавоне бо номи Муқим меҷангидааст.

“Муқим бисёр бачаи хуб буд. Дар тарафи чапам истодагӣ буд, дар Ростов Дон. Дидем, ки командир фармон дод. Рӯз шуда буд. Пуштҳои санг нишона гирифта шиштем. Ҳамин вақт немисҳо заданд, снаряд кафид. Маро пушти гушам зад, вай дар ҷояш вафот кард,"-- гуфт, ӯ.

Абдурашид Каримов ба ордени “Шараф” ва медалҳои гуногун қадрдонӣ шудааст. Пас аз хатми ҷанг ба макони зисташ-деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор баргашта, то бознишастагӣ ба ҳайси раиси хоҷагии “Шоҳамбарӣ” кор кард. 9 фарзанд дорад. Бештар аз 1000 сомонӣ нафақа мегирад. Мегӯяд, худро як инсони хуштолеъ меҳисобад ва аз зиндагӣ розӣ аст. Осоишгоҳи маъруфи "Шоҳамбарӣ" дар замони раҳбарии ӯ сохта шудааст.

Дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки аз соли 1941 то 1945 идома кард, мисли Абдурашид Каримов бештар аз 300 ҳазор сокини Тоҷикистон ба ҷабҳа рафтаанд ва 92 ҳазор нафарашон ҳалок шудаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон феълан 37 нафар иштирокчиёни ин ҷанг боқӣ мондаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG