Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои тағйири ному насаб боҷ ҷорӣ кард


Аз бойгонӣ
Аз бойгонӣ

Барои иваз кардани ному насаб дар Тоҷикистон аз охири моҳи апрели имсол боҷи давлатӣ ҷорӣ шудааст.

Бар асоси ислоҳҳо ба қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ”, барои тағйири насаб, ном ва номи падар 204 сомонӣ ситонда мешавад.

Тағйирот аз ҷониби порлумон ва президент қабул шудааст.

Пештар дар қонун боҷи алоҳидаи давлатӣ барои иваз кардани ному насаб ҷой надошт.

Дар Тоҷикистон асосан муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия ва ё онҳое ному насабро иваз мекунанд, ки мехоҳанд он ба тарзи миллӣ ва бо пасвандҳои зода, пур ё иён сабт шавад.

Дар баробари ин аз охири моҳи апрел боҷи давлатӣ барои сабти талоқ низ боло рафтааст.

Дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 68 сомонӣ ситонида хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG