Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мардум қашшоқ ҳастанд, тавони хариданашро надоранд” ВИДЕО


Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Дар Нангарҳор, яке аз вилоятҳои ноамни Афғонистон, гуруҳе аз омӯзгорон ҳар рӯз бояд аз роҳи хатарноке бигзаранд, то ба шогирдонашон дарс бигӯянд. Роҳашон ҳам аз як рӯдхонае мегузарад, ки на пул дорад ва на ҷойи камоб.

Дорохон Хокистар, яке аз муаллимон, гуфт, “бисёре аз устодон ҳамроҳи мо ҳастанд, ки он тараф ба мактаби Белӣ меравем. Ин рӯди Кунар, як рӯди бузург аст, ки вақти баҳор обаш зиёд мешавад. Мо бо балонҳои резинӣ аз он мегузарем ва бо душвориҳои зиёд.”

Мактаби Белӣ дар ноҳияи Мумандараи вилояти Нангарҳор аст. Мактабе, ки бештар аз 1000 донишомӯз ба шумули духтарони то синфи 6 дорад.

Худи синфхонаҳои мактаб ҳам ба далели фарсудагӣ дигар қобили истифода нестанд. Бачаҳо ҳам дар берун ва бо камтарин имконот дарс мехонанд.

“Васоили дарсӣ комилан надорем. Барои синфҳои 8-9-10 комилан китоб нест. Агар чизе ҳам ҳаст, бисёр кам аст, на қаламе на китобе. Ба қаламу китобча эҳтиёҷ дорем. Мардум қашшоқ ҳастанд, тавони хариданашро надоранд,” – нақл кард омӯзгор Нур Раҳмон.

Ӯ 15 сол боз дар ин мактаб аз забони пашту дарс медиҳад. Музди кораш тақрибан 70 доллар аст, ки барои аҳли оилааш ба сахтӣ мерасад.

Нур Раҳмон афзуд: “Мушкилот зиёд аст. Пуле ки мегирем ба чизе намерасад. Қарзи зиёд дорам ва аз ин маош онҳоро баргардонда наметавонам. Баъзе вақт ҷанҷол бо дӯкондорон тамом намешавад.”

Нангарҳор яке аз вилоятҳои шарқӣ ва фақири Афғонистон аст, ки солҳои гузашта ҳам бо ҳузури ҷангҷӯёни ДОИШ дар он ноамн шудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Роҳи хатарноки муаллимони афғон ба мактаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG