Як духтари тоҷик, ки бо бемории саратон мубориза мебарад, ҳуҷраашро дар беморхонаи Маскав ба дӯкони ҳунармандӣ табдил додааст. Саодат Қодирова гирифтори саратони хун аст. Ӯ дар беморхона дастбанду гарданбанд месозад ва гулдаста мебофад. Ҳам барои хушҳолии худ ва ҳам барои ба даст овардани пул барои муолиҷа.
Саодати 20-сола гули зиндаро дӯст медорад, аммо ба даст гирифтану бӯйидани чунин гулҳоро барояш иҷоза намедиҳанд. Барои хушҳолии худ ӯ аз ришта гулҳои рангоранг мебофад. Утоқе дар як беморхонаи Маскав аз маҳсули дастони Саодат пур шудааст.
Ин духтари тоҷик як сол боз дар беморхона аст, аммо нагузоштааст, ки муолиҷаи тӯлонӣ ӯро дилгиру афсурда кунад. Саодат ҳунар омӯхт ва рӯзҳоро дар беморхона бо бофандагӣ пушти сар мекунад.
“Бофтанро дар беморхона ёд гирифтам. Рӯзҳои аввал зиқ мешудам, гиря мекардам, рӯҳафтода мешудам. Баъдан дар Ютуб навор тамошо карда, бофтанро омӯхтам. Риштаву мӯҳра дархост кардам ва хеле зебо омаданд,” – гуфт, Саодат Қодирова, донишҷӯи тоҷик, ки аз бемории саратони хун муолиҷа мегирад.
Акси ҷӯробҳои кӯдакона, дастбанду гарданбанд ва маҳсули дигари дастонашро Саодат дар саҳифааш дар Инстаграм гузошт ва дар Маскав харидор ёфт. Саодат мегӯяд: “Попушҳоро барои кӯдаконашон, брелокҳоро барои тӯҳфа мехаранд.”
Пуле, ки аз фурӯши маҳсули ҳунараш ба даст меорад, барои табобат сарф мекунад. Мегӯяд, харҷи муолиҷааш кам нест ва намехоҳад ин борро пурра бар дӯши бародаронаш гузорад. "Ман ҳафтае то ҳафт капел мегузорам ва ин маблағ ба пули ҳамонҳо сафр мешавад. Вақте ман ин корро сар кардам, каме ба бародаронам барои додани пули табобат осон шуд,” -- гуфт Саодат.
То гирифторӣ ба саратони хун, Саодат донишҷӯйи факултаи муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ҳоло бо ин беморӣ мубориза мебарад. Роҳ то пирӯзь дароз ва душвор аст. Вай афзуд: “Шояд дар оянда ин пуле, ки аз ҳунарҳоям ба даст меояд, кофӣ набошад. Роҳи дароз дар пеш аст.”
Ҳамзамон умед дорад, дар поёни ин роҳ ӯро пирӯзӣ интизор аст. Саодат Қодирова орзу дорад, ки рӯзе аз ин дард ва чордевори беморхона халос мешаваду ба орзуи дар нимароҳмондааш мерасад. Ӯ бисёр мехоҳад дипломат шавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ