Ҳукумати Тоҷикистон фармон додааст, ки имсол барои идомаи сохтмони лӯлае, ки гази Туркманистонро аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Чин мерасонад, ба бештар аз 2700 шаҳрванди Чин иҷозаи кор дода шавад.
Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъйини меъёри ҷалби коргарони хориҷӣ, қарор аст, соли 2023 ба таври истисно 2739 шаҳрванди Чин барои идомаи бунёди қисмате аз лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин ба Тоҷикистон биёянд.
Фармони мазкурро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми апрел имзо кардааст. Дар Тоҷикистон, ки сатҳи бекорӣ зиёд аст, дар гузашта шикоятҳо аз ҷалби хориҷиён ба кор зиёд будааст. Айни замон муноқишаҳо байни коргарони тоҷик ва чинӣ дар иншооте, ки ду кишвар муштарак месозанд, дида шудааст.
Хатти "D"-и лӯлаи гази Осиёи Марказӣ - Чин аз мавзеи "Галкиниш"-и Туркманистон оғоз шуда, ба воситаи Тоҷикистон то ба вилояти Шинҷон мерасад.
Дарозии лӯлаи газ дар Тоҷикистон тақрибан 400 километрро ташкил медиҳад. Соли 2013, вақти имзои созишнома бо Чин ҳукумати Тоҷикистон гуфт, бунёди лӯла имкон медиҳад, ба буҷаи кишвар 3 миллиард доллари иловагӣ ворид шавад.