Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон аз аввалин амалиёти буриши меъдаи се гирифтори фарбеҳӣ хабар доданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз анҷоми бомуваффақияти аввалин амалиёти буриши меъда аз ҷониби табибони тоҷик хабар додааст, ки рӯзи 27 апрел дар «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» анҷом гирифт. АМИТ «Ховар» бо такя ба маркази матбуоти вазорат навиштааст, ки амалиёти ҷарроҳӣ дар се нафари гирифтори бемории фарбеҳӣ анҷом шуд ва дар ду шабонарӯзи баъди он вазъи саломатии онҳо “нисбатан қаноатбахш” арзёбӣ шудааст.

Амалиёти ҷарроҳиро табибон ба таври лапораскопӣ, яъне бе буриши калони шиками бемор гузарониданд ва ба қавли вазорати беҳдошт, аз ин ҷиҳат барои соҳаи ҷарроҳии Тоҷикистон ин як “дастовард ба ҳисоб меравад”. Ҷарроҳоне, ки ин амалиётро анҷом додаанд, чунин амалиётро аз ҳамкасбонашон дар Туркия омӯхтаанд.

Вазорати тандурустӣ гуфтааст, фарбеҳӣ дар миёни аҳолии Тоҷикистон ба як мушкили ҷиддӣ табдил мешавад ва барои кам кардани он «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024» ва ҳам «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» амал мекунад.

Соли 2019 вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфта буд, ки 17 дарсади аҳолии ин кишвар вазни барзиёд дорад ва 11,3 дарсад аз фарбеҳӣ азият мешавад.

XS
SM
MD
LG