Нерӯҳои Тоҷикистон ду узви, ба гуфтаи онҳо, созмони байнулмилалии террористиро дар сарҳад бо Афғонистон куштаанд, аммо аз касе ё гуруҳе ном нагирифтанд.
Ҳодиса субҳи 26-уми апрел дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ рӯй додааст.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар эъломияе рӯзи чоршанбе гуфт, “онҳо бо мақсади амали террористӣ” марзро гузаштанд.
“Дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира гардид,” – омадааст дар эъломия.
Ин изҳороти расмӣ аст.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳоле аз пешгирии амалиёти террористӣ хабар дод, ки тайи чанд рӯзи охир номи ин ниҳод дар пайванд ба навори латукӯби аскарони марзбон дар сархати расонаҳо ҷой гирифт.
Пештар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аз нерӯ гирифтани гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва хатари даромадани онҳо ба кишварҳои узви созмон изҳори нигаронӣ карда буд.
Созмони Милали Муттаҳид ҳам мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон ДОИШ, "Ал-Қоида", Таҳрики Толибони Покистон, Ҳаракати исломии Узбекистон, Ҷамъияти "Ансоруллоҳ", гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" ва бисёре аз гурӯҳҳои тундгаро фаъоланд.
Гуфтугӯ