Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар як рӯзи гузашта чанд бор ба Украина ҳамла кард?


Сӯхтор дар пайи ҳамлаи Русия дар Харков
Сӯхтор дар пайи ҳамлаи Русия дар Харков

Нерӯҳои Русия дар як шабонарӯзи гузашта 70 бор ба Запорожеи Украина ҳамла кардаанд.

Мақомоти ин вилояти Украина гуфтаанд, ки русҳо тариқи мушак ва бесарнишинҳо ҳамла карда, чанд бинои истиқоматиро хароб кардаанд. Як мард дар ин вилоят аз тири низомиёни рус маҷрӯҳ шудааст.

Дар вилояти Харков дар чунин ҳамлаҳо анбори нигаҳдории сабзаҷот вайрон шудааст. Ба гуфтаи мақомоти ин вилоят, русҳо дар як рӯз аз 40 то 60 бор ба ҳудуди ин вилоят ҳамла мекунанд.

Дар вилояти Херсон дар як рӯзи гузашта то 54 ҳамлаи мушакии русҳо сабт шудааст.

Русия моҳи феврали соли 2022 алайҳи Украина бедалел ҷангро оғоз кард ва ҷанг ҳанӯз давом дорад.

Дар ин ҷанг даҳҳо шаҳру деҳа хароб шуда, миллионҳо нафар аз Украина фирор карданд.

XS
SM
MD
LG