Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як додраси додгоҳи Бадахшон боздошт шудааст


Додгоҳи ВМКБ
Додгоҳи ВМКБ

Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба як додраси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Зафар Қодирзода, ки моҳи декабри соли 2022 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба вазифаи додраси додгоҳи Бадахшон таъин шуда буд, ҳафтаи гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Ду манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми апрел гуфтанд, ки нисбат ба Зафар Қодирзода бо иттиҳоми “гирифтани пора ва қаллобӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар бораи парвандаи додрас ҷузъиёт надоданд, вале гуфтанд, ки "бархе ҷиноятҳоро ӯ дар замони кораш дар шаҳри Ваҳдат ва бархеи дигарро дар ВМКБ содир кардааст."

Назари наздикон ва худи Зафар Қодирзода дар робита ба ин парванда маълум нест.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон барои боздошту муҳокимаи парвандаи додрасҳо бояд Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, фармони барканориашро содир ва порлумони кишвар онро тасдиқ кунад.

Ҳанӯз фармони барканории Зафар Қодирзода дар сомонаи президенти Тоҷикистон нашр нашудааст.

Ба гуфтаи манбаҳои Радиои Озодӣ, “ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад ва рӯзҳои наздик фармони барканориашро бояд президент имзо кунад.”

Соли гузашта боздошт ва зиндонӣ шудани чанд додраси тоҷик расонаӣ шуда буд. Аксари додрасҳо ба гирифтани ришва муттаҳам шудаанд.

Аз ҷумла, моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳмиддин Раҳимзода, додраси собиқи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бо гуноҳи гирифтани ришва ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Рузи 11-уми ноябри соли 2022 раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва зердасти ӯ Рустам Муҳаммадсаидзодаро, ки барои гирифтани пора айбдор буданд, ба ду солии зиндон маҳкум карданд.

Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.

Дар фармони барканори онҳо, ки Эмомалӣ Раҳмон имзо мекунад, далели барканории онҳо “рафторе, ки шаъну шарафи судяро паст мезананд”, номида мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG