Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони милал аз ҳукумат дар бораи вазъи ақаллиятҳо мепурсад


Қасри Миллат ва парчами миллӣ дар Душанбе
Қасри Миллат ва парчами миллӣ дар Душанбе

Фардо як кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи Созмони Милал тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон барои маҳви табъизи нажодиро баррасӣ мекунад, то бубинад, кишвар барои риояти ҳаққу ҳуқуқи тамоми мардуми кишвар новобаста аз ирқу нажоду қавмаш чӣ корҳое анҷом додааст.

Дар ҷаласаи Кумитаи маҳви табъизи нажодии Созмони Милал, ки рӯзи 11-уми апрел оғоз ёфт, рӯзҳои 20-21-уми апрел навбати мақомоти Тоҷикистон аст, ки қарор аст, дар бораи чораҳои андешидаашон дар чанд соли гузашта дар ҳузури намояндагони кумита ва кишварҳои дигар суҳбат кунанд. Аммо дар гузорише, ки ҳукумат пешакӣ пешниҳод кардааст, гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир “дар Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ барои таъмини баробарии мардум новобаста аз ҷинс, нажод, миллату қавм ва дину мазҳаб фароҳам шудааст” ва ҳама дар назди қонун баробаранд.

Дар гузориш омадааст, ки дар кишвар ҳеч парвандаи ҷиноӣ ҳам барои помол кардани ҳуқуқи касе бинобар нажоди дигар буданаш боз нашудааст ва ба ҳуқуқи тамоми қавму аққалиятҳо эҳтиром гузошта мешавад. Дар гузориши ҳукумат, ки чораҳои андешидаи кишвар то соли 2020-ро дар бар мегирад, ҳамчунин гуфтаанд, ки барои мактабҳои узбекзабон ва қирғизӣ китобҳои нав омода мекунанд ва гуруҳи кории махсус барои тарҷумаи китобҳо ба ин забонҳо фаъолият дорад. Ба гуфтаи мақомот, дар кишвар ҳама ҳақ дорад, бо забони модариаш сухан бигӯяд, тарбияву омӯзиш бигираду эҷод кунад.

Аммо дар ин гузориши чаҳордаҳсаҳифагии ҳукумати Тоҷикистон ҳеч ишорае ба мардуми Бадахшон нашудааст, ки бо забонҳои помирӣ ҳарф мезананд ва пайравони мазҳаби исмоилия ҳастанд. Ишорае ба мардуми водии Яғноб ҳам нест, ки забони хосе доранд. Мақомоти Созмони Милал ҳам дар ёддоште, ки ба ҳукумат фиристодаанд, гуфтаанд, ки ҳангоми ҷаласа дар бораи вазъ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳам мепурсанд, ки соли гузашта шоҳиди нооромиву марги чандин нафар шуд.

Дар ин ёддошт омадааст, ки масъалаи “сабабҳои ташаннуҷи авзоъ дар минтақа ва расидагии ҳукумат ба ниёзҳои мардуми маҳаллӣ” хоҳанд пурсид. Масъалаи дигаре, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузоштаанд, вазъи лӯлитаборон аст, ки на камтар аз 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд ва беэҳтиромӣ ба ҳуқуқ ва бархӯрди бад бо онҳо зиёд мушоҳида мешавад.

Зимнан дар гузорише, ки барои ин ҷаласа, созмони ғайриҳукуматии “Мемориал” ба Кумитаи маҳви табъизи нажодии Созмони Милал пешниҳод кардааст, чораҳои андешидаи ҳукумат барои беҳтар кардани вазъи лӯлитаборон дар Тоҷикистонро нокофӣ хонда ва танқид кардаанд. Дар ин гузориш омадааст, ки ҳукумат ҳеч барномае барои беҳтар кардани дастрасии фарзандони лӯлитаборон ба таҳсилу омӯзиш қабул накард ва ҳамчунон дар байни ҷомеа тасаввуроти нодуруст ва манфӣ ва нафрат ба ин мардум вуҷуд дорад.

Дар ин гузориш бештар ба вазъи помириҳо ва ё сокинони Бадахшон бештар тамаркуз шудааст ва муаллифони гузориш гуфтаанд, “ҳарчанд помириҳоро ҳамчун аққалият эътироф намекунанд, вале дар амал табъиз нисбат ба онҳо ҳамчун ғайритоҷик вуҷуд дорад.” Дар гузориш омадааст, ки мардуми вилояти Бадахшон, ки бештар аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ба қадри кофӣ дар идораҳои давлатӣ намоянда надоранд ва тасмимгириҳои давлатӣ кам ҷалб шудаанд.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш ба инобат нагирифтани вижагиҳои минтақаву мардуми Бадахшон сабаби кашмакашу нооромиҳо дар вилоят шудааст. Дар гузориши созмони ғайриҳукуматии “Мемориал” ба нооромиҳои солҳои 2021-2022 бахусус нооромиҳои баҳору тобистони соли гузашта дар Хоруғу Рӯшон таммаркуз кардаанд, ки дар ҷараёни онҳо даҳҳо нафар кушта шуданд.

Муаллифон дар ин гузориш аз Кумитаи маҳви табъизи нажодии Созмони Милал хостаанд, мусоидат кунад, то зери раҳбарии Комиссари олии ҳуқуқи Созмони Милал як комиссияи махсус барои таҳқиқи вазъи Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ таъсис дода шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG