Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин қонуни нав дар бораи шеваи нави даъват ба артишро имзо кардааст


Владимир Путин қонуни навро рӯзи 14-уми апрел имзо кардааст.
Владимир Путин қонуни навро рӯзи 14-уми апрел имзо кардааст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия Қонун дар бораи даъватномаҳои ҳарбии электрониро ба имзо расонд, ки шеваи наву осонтар кардани даъвати ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳро дар назар дорад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия Қонун дар бораи даъватномаҳои ҳарбии электрониро ба имзо расонд, ки шеваи наву осонтар кардани даъвати ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳро дар назар дорад.

Бар асоси ин қонун, ки рӯзи 14-уми апрел имзо шудааст, дар Русия феҳрасти ягонаи ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ таъсис медиҳанд ва роҳҳои нави даъват ба артишро ба роҳ мемонанд. Аз ин пас даъватномаро ба ҷавонон ҳам аз тариқи почта ва ҳам электронӣ мерасонанд. Даъватнома дар шакли электронӣ ва дар маркази давлатии "Госуслуги" ва Маркази бисёрфунксионалии хидматрасониҳои давлатӣ мегузоранд, ки ҳар шаҳрванди Русия бояд дар онҳо саҳифаи хусусӣ дошта бошад.

Аз вақти расидани даъватнома ба ҷавон дар саҳифаи хусусиаш дар «Госуслуги», ӯ то замоне, ки ба комиссариати низомӣ ҳозир нашавад, ҳаққи тарки Русияро надорад. Агар то 20 рӯз ба ин идора наояд, ӯро ба ҳайси соҳибкор сабти ном намекунанд, аз ҳаққи сабти амвол ба номаш ва ҳаққи ронандагӣ маҳрумаш мекунанд. Ин фард ҳамчунин ҳаққи гирифтани қарз аз бонкро нахоҳад дошт.

Бар асоси қонуни нав, комиссариатҳои низомии Русия ба таҳияи феҳрасти ягонаи ҷавонони синни хидмат оғоз мекунанд ва дар ин феҳраст тамоми иттило дар бораи ҷавон, яъне ҷойи зисти доимӣ, ҷойи иқомати муваққатӣ, ҷойи кор, вазъи сиҳатӣ ворид мешавад. Тамоми ин иттило дар бораи шаҳрвандро, шифохонаҳо, мактабу донишгоҳҳо, идораи молиёт, вазорати умури дохилӣ ва дигар идораҳои давлатӣ ба комиссариатҳои низомӣ медиҳанд.

Баъди оғози ҷанги Русия дар Украина дар моҳи феврали соли гузашта ва сафарбарии неруҳои иловагӣ ба ин ҷанг, даҳҳо ҳазор нафар аз ҷавонону мардони синни хидмат ба кишварҳои дигар рафтанд, то онҳоро ба ҷанг набаранд. Аз ҷумла қисме аз ҷавонони тоҷике, ки шаҳрвандии Русияро доранд, аз бими сафарбарӣ ба ҷанг ба Тоҷикистон баргаштанд. Қонун дар бораи даъватномаҳои электрониро чанде пеш ҳарду палатаи порлумони Русия қабул карданд.

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия дар гузашта ба хабарнигорон гуфтааст, ки қонуни нав набояд сабаби воҳима дар байни аҳолӣ ва мавҷи дигари муҳоҷирати русҳо бишавад. Ӯ ба ин суол, ки дар сурати сафарбарии нав, оё даъватномаҳои ҳарбӣ дар маркази “Госуслуги” гузошта мешаванд, ӯ гуфт, “сафарбарии дигарбора” гуфтанӣ чизе нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG