Як гузориши Радиои Озодӣ модар ва чор фарзандро дар Душанбе соҳиби хона кард. Саломат Раҷабова аз зиндагӣ дар хонаи хусусӣ ҳаловат мебарад.
Саломат Раҷабова, зане, ки дар хонаи иҷора мезист ва барои рӯзгузаронии худу кӯдаконаш коғаз ва зарфҳои пластикӣ ҷамъ меовард, ҳафтае пеш манзили иҷораро тарк карда, ба хонаи шахсиаш кӯчид. Роҳи ӯ аз хонаи фарсудаи иҷора то манзили хусусӣ дар баландошёнаҳои нав осон набуд.
Як гузориши Радиои Озодӣ дар моҳи декабри соли 2021 зиндагии ин занро, ки мегӯяд, “ҳеҷ гоҳ бовар надошт соҳиби хона мешавад”, тағйир дод. Дар паи нашри гузориш, афроди хайрхоҳ аввал ба ӯ либосу хӯрок доданд ва сипас муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия барои харидани хона маблағ ҷамъ карданд.
Ҳоло Фотимаву Зуҳраи 5-сола роҳат дар рӯи қолии хонаи худ бо бозичаҳои бешумор саргармӣ бозианд. То якуним сол пеш онҳо ҳамроҳ бо хоҳари хурдиашон рӯзи худро дар кунҷи аробаи модар дар бозори “Корвон” сипарӣ мекарданд.
“Рости гап, ман чаҳор кӯдакамро ҳамроҳам дар ароба мекашидам. Кӯдакҳоям дар даруни ароба калон шуданд. Хеле азоб доштем. Қуттӣ, селофан, зарфҳои пластикии об, хайр, ана, партовро ҳам мекофтам, ки ҷамъ карда, бурда фурӯшам, то зиндагии кӯдакҳоямро пеш бараму як бурда нони ҳалол хӯранд. Радиои Озодӣ, омадед, навор гирифтед. Баъди пахши навори шумо ман соҳиби хона шудам. Ба ёрдами шумо, ба ёрдами одамони хайрхоҳ. Вақте дохили хонаам шудам, як нафаси тоза кашидам. Дар Тоҷикистон иҷоранишин будан сахт мушкил аст", - гуфт Саломат Раҷабова рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ.
Зиндагии сахт боиси аз таҳсил дур мондани фарзанди калонӣ - Суннатулло, ягона писари ин зан шуда буд. Ба модар ёрӣ медод ва шароити ба мактаб рафтанро надошт. Суннатуллои 10-сола ҳоло аз паи омӯзиш аст.
“Писарам дар мактаби 45, дар синфи се мехонад. Духтаронам Фотима, Зуҳро ва Марямро ба боғчаи кӯдакон медиҳам. Насиб бошад, рӯзи душанбе ба боғча мераванд. Баъдан худам аз паи пайдо кардани коре мешавам. Як миқдор пуле, ки аз ҳисоби хайрхоҳон монда буд, хонаро таъмир кардаму зиндагиро пеш мебурдам. Акнун бояд кор пайдо кунам”, - гуфт ӯ.
Саломат афзуд, вақте аробакашӣ мекард, таънаву маломати атрофиён ӯро азият медод ва ҳоло муносибат нисбаташ тағйир ёфтааст: “Соҳиби хона шудам боз муомилаи баъзеҳо дигар хел шуд. Пештар намехостанд, ки наздашон биёям, ҳамрошон салом кунам, ҳозир муомилаашон хуб шудагӣ, ҳурмат мекунанд. Аз хонаи ман ба онҳо чизе намерасад, вале одамро паст мезаданд”.
Манзили ӯ аз се ҳуҷра иборат буда, дар ошёнаи шашуми яке аз баландошёнаҳои шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Қаблан баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мекарданд, ки чаро бо вуҷуди бад будани вазъи зиндагӣ, ин зан фарзанди зиёд ба дунё овардааст. Саломат инро амри тақдир медонад. Ба гуфтааш, шавҳари дуюмаш, ки хостори таваллуди писар буд, баъди ба дунё омадани духтари сеюмашон ӯро талоқ доду ин зан дучори мушкил гардид. Вай таъкид намуд, ки шавҳари якумаш дар паи муноқишаҳои хонаводагӣ ва дуввумӣ барои писардор нашудан аз ӯ ҷудо шудаанд.
Ҳоло Саломат мехоҳад фарзандонаш омӯзиш гиранд ва онҳоро бо меҳнати ҳалол бузург намояд. Дар Тоҷикистон шахсоне ба монанди Саломат Раҷабова, ки зиндагии мушкилеро паси сар мекунанд, кам нестанд. Онҳо мегӯянд, ёрии давлат кофӣ нест ва ниёз ба кӯмаки хайрхоҳон доранд.
Гуфтугӯ