Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби рубл боз поён рафт. Сабаб чист?


Қурби рубли русӣ бо суръат поин меравад. Дар Русия қурби пули миллӣ дар муқобили доллари амрикоӣ ва евро – пули Аврупо аз дирӯз то имрӯз дар ҳаҷми 1,5 рубл беқурб шуд.

Дар муқобили сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон ҳам қурби рубл дар як ҳафтаи ахир ба шиддат поин рафта, рӯзи 7-уми апрел ҳазор рубл расман ба 135 сомонӣ баробар шудааст. Қурби рубл дар ин муддат ба андози 6 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Як ҳафта пеш, 31-уми март арзиши ҳазор рубли русӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 141 сомонию 50 дирам муқаррар шуда буд.

Радио Свобода бо такя ба нишондодҳои Биржаи Маскав менависад, ки бори нахуст аз моҳи апрели соли 2022 қурби евро дар Русия аз 90 рубл боло рафта, арзиши як доллар ба 82 рубл баробар шуд. Ба ин тартиб, дар давоми як ҳафтаи ахир арзиши доллар 5 % ва арзиши евро наздик ба 10 % зиёд шуд.

Баҳори соли гузашта, баъди таҷовузи низомии Русия ба хоки Украина ва ҳам ҷорӣ шудани таҳримҳои байналмилалии зидди Русия қурби рубл якбора поин омад. Вале дар паи мудохилаи Бонки Русия, суқути якбораи моли воридотӣ ва ҳам ҳифзи даромад аз содироти маҳсулоти энержӣ қурби рубл тақвият ёфт.

Таҳлилгарон поён омадани қурби рублро бо хатми соли молӣ пайванд медиҳанд. Содиркунандаҳои калони молу маҳсулот пули хориҷиро ба рубл иваз карда, пулро ба буҷа пардохт мекарданд.

Афзоиши маҳсулоти воридотӣ ва коҳиши содирот, кам шудани фурӯши асъори хориҷӣ аз ҷониби Вазорати молияи Русия дар пасманзари афзоиши нархи нафт ва аз кишвар берун рафтани асъор аз сабабҳои дигари заъиф шудани арзиши рубл гуфта мешавад. Тарки бозори Русия кардани ширкатҳои хориҷӣ, ки ба асъор эҳтиёҷ доранд, ҳамчунин ба ин вазъият таъсиргузор шуд.

Ба навиштаи оҷонсии Bloomberg, аз тарҳи "Сахалин-2" берун рафтани ширкати бритониёии Shell ҳам ба поинравии қурби рубл таъсир гузошт. Ҳафтаи ҷорӣ маълум шуд, ки президент Владимир Путин шахсан розӣ шуд, ки ширкати НОВАТЭК саҳмияҳои ширкати Shell-ро дар тарҳи "Сахалин-2" бо арзиши тахминан 95 миллиард рубл харидорӣ кунад. Ин пулҳо ба ҳисобҳои бонкии ширкат дар хориҷа фиристода мешаванд. Бо ин роҳ ширкати Shell метавонад, сармояҳояшро аз Русия берун барад.

Айни замон, пешбинӣ карда намешавад, ки вазъият ҳамингуна давом хоҳад кард. Поин рафтани қурби рубл дар Тоҷикистон бештар муҳоҷиронро нигарон кардааст. Чун ин вазъ ба сатҳи даромад ва зиндагии хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон зарба мезанад

XS
SM
MD
LG