Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби Тоҷикистон ба Ҳонконг дар мусобиқоти интихобии олимпии Париж-2024


Дастаи мунтахаби миллии занонаи футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти олимпии Париж-2024 дар гурӯҳи «Е» аз тими Ҳонконг бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шоми чоршанбки 5-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои дарёфти роҳхат ба даври баъдии мусобиқоти футболи Бозиҳои олимпии соли 2024 дастаҳои мунтахаби миллии занонаи Тоҷикистон, Филиппин, Ҳонконг ва Покистон мубориза мебаранд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.

Инчунин 5-уми апрел дар бозии аввалини мусобиқоти интихобии олимпӣ дар гурӯҳи «Е» мунтахаби Филиппин дастаи Покистонро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввали мусобиқот дастаҳои Филиппин ва Ҳонконг бо сеимтиёзӣ дар ҷадвали гурӯҳи «Е» мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро касб кардаанд. Тимҳои миллии Тоҷикистон ва Покистон бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.

Дар даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи «Е» рӯзи шанбеи 8-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор нахуст дастаи Покистон бо Ҳонконг, сипас мунтахаби Тоҷикистон бо Филиппин рақобат мекунанд.

Зимнан, ғолибони ҳафт гурӯҳ ба даври дуюми мусобиқоти интихобии олимпии Париж-2024 роҳ меёбанд, ки ба онҳо панҷ дастаи беҳтарини Осиё аз рӯи рейтинг ё раддабандӣ – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамроҳ мешаванд.

Сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон Мубин Эргашев дар нишасти хабарии пеш аз даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти олимпии Париж-2024 дар гурӯҳи «Е» гуфт, ки мақсади мо дар ин мусобиқот ҳунари хуб нишон додан аст.

Вай афзуд, «омодагиҳо ба марҳилаи интихобии Олимпиадаи Париж-2024 ҳанӯз қабл аз ширкати мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки дар Тайланд баргузор шуд, оғоз гардида буд. Бозигарон дар Тайланд таҷрибаи хуби ҳунарнамоӣ дар мусобиқаҳои байналмилалиро касб карданд. Ҳамроҳ бо ситоди мураббиён ҳайатро каме тағйир дода, ба даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурӯҳи «Е» тайёрӣ дидем. Ҳарчанд дар гурӯҳ ҳарифонамон хеле пурқувватанд, аз ҷумла мунтахаби Филиппин, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2023 ширкат хоҳад кард, мо кӯшиш мекунем муқобили онҳо муборизаи арзанда барем.»

Даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти олимпии Париж-2024 миёни дастаҳои мунтахаби миллии занона

Гурӯҳи «Е»: Филиппин, Ҳонконг, Тоҷикистон, Покистон.

Даври 1-ум

5-уми апрел (чоршанбе)

Филиппин – Покистон – 4:0
Ҳонконг Тоҷикистон – 3:0

Даври 2-юм

8-уми апрел (шанбе)

16:00 – Покистон – Ҳонконг
19:00 – Тоҷикистон – Филиппин

Даври 3-юм

11-уми апрел (сешанбе)

16:00 – Филиппин – Ҳонконг
19:00 – Тоҷикистон – Покистон

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG