Дастаи мунтахаби миллии занонаи Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар гурӯҳи «Е», ки аз 5-ум то 11-уми апрел дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои дарёфти роҳхат ба даври баъдии мусобиқоти футболи Бозиҳои олимпии соли 2024 дастаҳои мунтахаби миллии занонаи Тоҷикистон, Филиппин, Ҳонконг ва Покистон мубориза мебаранд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.
Ғолибони ҳафт гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ меёбанд, ки ба онҳо панҷ дастаи беҳтарини Осиё аз рӯи рейтинг ё раддабандӣ – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамроҳ мешаванд.
Даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи занон барои роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024
Гурӯҳи «Е»: Филиппин, Ҳонконг, Тоҷикистон, Покистон.
Даври 1-ум
5-уми апрел (чоршанбе)
16:00 – Филиппин – Покистон
19:00 – Ҳонконг – Тоҷикистон
Даври 2-юм
8-уми апрел (шанбе)
16:00 – Покистон – Ҳонконг
19:00 – Тоҷикистон – Филиппин
Даври 3-юм
11-уми апрел (сешанбе)
16:00 – Филиппин – Ҳонконг
19:00 – Тоҷикистон – Покистон
Гуфтугӯ