Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон истеъфои сардори пулиси Бишкекро талаб доранд


Тазоҳурот дар Бишкек
Тазоҳурот дар Бишкек

Гуруҳе аз фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи Қирғизистон 3-юми апрел бо талаби истеъфои сардори Раёсати пулиси шаҳри Бишкек Азамат Ногойбоев дар назди бинои ин ниҳод ҷамъ шуданд.

Яке аз созмондиҳандагони таҷаммуъ ва раҳбари бунёди "Лигаи ҳомиёни ҳуқуқи кудакон" Назгул Турдубекова изҳороти Ногойбоевро дар бораи қурбониёни ноболиғи хушунат "ғайрикасбӣ" ва "ҷиноӣ" номид.

Ӯ аз раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) ва вазири корҳои дохилии он кишвар Улан Ниёзбеков дархост кард, ки суханҳои Ногойбоевро баррасӣ кунанд.

"Ҳолатҳои таҷовуз ба номус дар Қирғизистон нисбат ба солҳои қаблӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. Ин даҳшатбор аст. Ба ин, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки вазифаи худро бевиҷдонона анҷом медиҳанд, гунаҳкор ҳастанд. Бинобар ин, бигузор Ногойбоев истеъфо диҳад. Пулиси Бишкекро бояд шахсе раҳбарӣ кунад, ки аз манфиатҳои кӯдакони ҷабрдида ҳимоят кунад,” -- афзуд ӯ.

Сардори пулиси Бишкек 31-уми март дар як пахши мустақим ҳолатҳои хушунати ҷинсиро алайҳи ноболиғон шарҳ дод ва гуфт, баъзе аз духтарони ноболиғи бедаракшуда "бо хоҳиши худ" амалҳои маҳрамона анҷом додаанд.

Дертар Хадамоти амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, изҳороти Ногойбоевро таҳқиқ мекунад. Ин изҳорот баҳсҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон низ ба бор овард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG