Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи марги Абдуқаҳҳор Розиқовро ба поён расондаанд


Абдуқаҳҳор Розиқов
Абдуқаҳҳор Розиқов

Муфаттишон таҳқиқи марги Абдуқаҳҳор Розиқовро дар Кӯлоб ба поён расонда, вале ҷузъиётро фош накарданд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар Додситонии минтақа гуфтанд, "парванда барои муҳокима ба додгоҳ рафтааст ва тафсилот ҳангоми мурофиа радду бадал хоҳад шуд".

Дар Додгоҳи Кӯлоб рӯзи 3-юми апрел тасдиқ карданд, ки "парвандаро ҳафтае қабл гирифтанд". Замони баррасӣ дақиқ нест.

Абдуқаҳҳор Розиқов шаби дувуми январи имсол аз тарафи маъмурони милиса дастгир шуд дар шароити мармуз ҷон дод. Мақомот гуфтанд, ӯ ба фурӯши маводи мухаддир гумонзад буд.

Наздиконаш камаш ду дафъа эътироз карда, хоҳони боздошт ва муҷозоти сабабгорони марги ӯ шуданд. Онҳо бовар доранд, Абдуқаҳҳор Розиқов зери шиканҷа ҷон додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе гуфт, "ӯ дар роҳ ва бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт".

Бо ин ҳол, ба иттилои расмӣ, се маъмури милиса ба “бесалоҳиятӣ” гумонбар ҳастанд. Як нафар боздошт шуда, дуи дигар дар озодист.

Абдуқаҳҳор Розиқов 37 сол дошт. Ду фарзанд дорад.

Марги баъзе аз сокинон дар Тоҷикистон пас аз боздошт аз сӯйи маъмурони интизомӣ ҳамеша эътирозу танқидҳоро дар пай дорад. Ҳалокати Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон, дар моҳи ноябри соли 2021 боис ба эътирози чоррӯзаи сокинон шуд.

Он замон низ мақомот ваъдаи таҳқиқи ҳодисаро дода, кумисюнеро аз ҳисоби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ созмон доданд. Пас аз ним сол сокинон бо талаби таҳқиқи ҳодиса эътироз карданд, вале мақомот норозиёнро саркӯб ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро боздошту солҳои дароз зиндонӣ карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG