Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании ду хонанда дар Кӯлоб. “Яке захмӣ, дигаре боздошт шуд”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як хонандаи мактабро дар шаҳри Кӯлоб барои “бо корд захмӣ кардани ҳамдарсаш” дастгир кардаанд. Мақомот гуфтанд, ҳодиса 31-уми март рӯй дод.

Ному насаби хонандагон дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, аммо ба далели ҳуқуқӣ нашр намешавад. Онҳо дар синфи даҳум мехонанд.

Дар идораи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб занозанӣ ва кордкашии ду хонандаро тасдиқ карда, сабаби муноқишаро нагуфтанд. Таҳқиқ идома дорад.

Пизишкон гуфтанд, яке аз хонандаҳо аз қафаси сина ҷароҳат бардошта, ҳоло дар шуъбаи эҳё хобидааст.

Занозанӣ миёни наврасону ҷавонон дар солҳои охир боис ба куштаву захмӣ шудани чандин хонандаи мактаб шудааст. Дар чунин занозаниҳо гоҳе ҷавонон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январ як ноболиғро барои занозанӣ ва қатли ҳамсолаш ба 11 сол зиндон маҳкум кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG