Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистони Саудӣ ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мепайвандад


Расонаҳои давлатии Арабистони Саудӣ рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми март эълон карданд, ки ин кишвар мувофиқат кардааст, то ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай бипайвандад. Ин таҳаввул нишондиҳандаи тақвияти робитаҳои сиёсии Риёз бо Пекин низ аст.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 2001 ҳамчунин ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бо ҳадафи рақобат бо ниҳодҳои ғарбӣ ташкил шуд. Ба ҷуз Чин, дигар аъзои он иборатанд аз Ҳинд, Покистон, Русия ва чаҳор кишвари Осиёи Миёна -- Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон.

Тибқи иттилои хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ, кобинаи вазирон бо раҳбарии Малик Салмон, подшоҳи ин кишвар, дар нишасти рӯзи сешанбеи худ чунин қарореро қабул кард. Ин гузориш мегӯяд, ки бар пояи ин тасмим, Арабистони Саудӣ ҷойгоҳи "шарики баҳс ва гуфтугӯ дар Созмони ҳамкории Шанхай"-ро хоҳад ёфт. Кишварҳои дигар ё узви нозири ин созмон ҳастанд ё шарики баҳсу гуфтугӯ, аз ҷумла Миср, Эрон ва Қатар.

Ин рухдод дар ҳоле аст, ки ҳудуди се ҳафта қабл Эрон ва Арабистони Саудӣ бо миёнаравии Чин дар бораи эҳёи робитаҳои дипломатӣ ва бозкушоии сафоратхонаҳо ва консулгариҳои худ ба созиш расиданд.

Эрон ва Арабистони Саудӣ рақибони якдигар дар минтақа ба шумор мераванд. Гурӯҳҳои тарафдори Эрон ва Арабистони солҳои ахир дар кишварҳои гуногуни минтақа бо ҳам даргир будаанд, аз ҷумла дар Яман ва Сурия.

Риёз мегӯяд, дар ҳоле ки музокироти дуҷониба бо Теҳрон доштааст, аммо раванди созиши ахир бо пешниҳоди соли гузаштаи Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, оғоз шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои наздик ва тӯлонии Арабистони Саудӣ бо ИМА, миёнҷигарии Чин дар ин моҷаро таъаҷҷубангез буд, ҳарчанд робитаҳои Риёз ва Вашингтон ахиран бар сари бархе масъалаҳо, аз ҷумла дар бораи ҳуқуқи башар ва тавлиди нафт, пуртаниш шуда буд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико таъсири Чин бар ин рухдодро камаҳамият шумурд ва гуфт, ки аз муддатҳо пеш "интизори чунин созишро доштанд". Вай изҳор дошт, "ҳар кишваре робитаҳои худро дорад".

Си Ҷинпин рӯзи сешанбеи 28-уми март дар тамоси телефонӣ бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, аз ончи коҳиши танишҳо дар Ховари Миёна номидааст, ситоиш кард. Раиси ҷумҳури Чин дар нахустин изҳори назари ошкорои худ дар бораи созиши Эрон ва Арабистони Саудӣ гуфт, ки ин созиш "нақши асосие дар таҳкими ҳамкориҳо ва иттиҳод дар минтақа иҷро хоҳад кард".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG