Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Осиё ва Тоҷикистон бисёр меларзанд? САДО


Сокинони аз заминларза осебдида дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Сокинони аз заминларза осебдида дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Заминларзаҳои паёпай дар Тоҷикистон ва баъди зилзилаи фалокатбору мудҳиши вайронгар дар Туркия ин суолҳоро дар байни корбарон барангехт, ки чаро фақат Осиё меларзад, талафот медиҳад.

Суоли дигар ҳам ин аст, ки чаро солҳои ахир заминларзаҳо зиёдтар ва бо нерӯи бештар такрор мешаванд. Барои посух гирифтан ба ин суол, суҳбате доштем бо Муҳаммадҳусайни Чароғӣ, коршиноси аршади муҳандисии зилзила аз Донишгоҳи илму санъати Эрон, ки 15 сол собиқаи кор дар заминаи муҳандисии сохтмон ва зилзилашиносӣ дорад. Нахустин суол аз ӯ суоли корбароне буд, ки пурсидаанд, чӣ сабаби заминларза мешавад?

Муҳаммадҳусайни Чароғӣ: “Дар зери сатҳи замин як силсила сафаҳоти сангие вуҷуд доранд, ки рухнамудашон дар кӯҳҳо ҳастанд, ки ҳамон сангҳо, ки шумо мебинед. Ин сангҳо дар зери замин идома доранд ва рӯяшон хок ҳаст. Ин сангҳо ва сафаҳоти тектоникӣ ҳаракоте нисбат ба ҳамдигар доранд, баъзе ҷойҳо аз ҳам дур мешаванд, баъзе ҷойҳо ба ҳам наздик мешаванд. Зилзилаҳое, ки бештар дар манотиқи Анатолии Туркия ва Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон рух медиҳанд, ба иллати сафаҳоти тектоникии Ҳинд, Арабистон ва Африқо ба самти сафҳаи тектоникии Авруосиё, яъне Русия аст. Ва инҳо ба ҳам фишурда мешаванд, ки дар воқеъ боиси эҷоди куҳҳои Алп дар Аврупо, куҳҳои Албурзу Загрос дар Эрон ва куҳҳои Ҳиндукуш ва Ҳимолой дар Осиё шудааст. Вақте инҳо ба ҳам наздик мешаванд, энержии дохили Замин захира мешавад ва сангҳо онро таҳаммул мекунанд. Мисли онки шумо мучи дастатонро (банди даст) ба ҳам фишор медиҳед, банди дасти шумо то ҳадде таҳаммул мекунад, вале ногаҳон аз ҳам дар мераванд. Дақиқан дар саҳфаи сангии зери сатҳи замин ҳамин чиз иттифоқ меафтад. Сангҳо таҳаммул меоранд, таҳаммул меоранд ва ҳарчӣ қадр ин таҳаммул бештар бошад, зилзилае, ки рух медиҳад, шиддаташ бештар аст. Сангҳо ногаҳон дар мераванд, сафҳаи зери замин шикаста мешавад ва оқибаташ, ки шумо мебинед, зилзила дар сатҳи замин аст.

Садоро инҷо гӯш кунед:

Чаро зилзила дар Осиё бештар аст?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:40 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Ин суол ҳамеша ҳаст, ки чаро заминларза бештар дар Осиё иттифоқ меафтад? Масалан баъди зилзила дар Туркия дар Осиёи Марказӣ пайиҳам замин борҳо ва батакрор ларзид ва мардумро тарсонд?

Муҳаммадҳусайни Чароғӣ: “Дақиқан ҳамин аст. Ҳамонгуна ки алъон суҳбаташро кардам, як риштакуҳ, сафҳаи Алп-Ҳимолой дорем, ки ин хат бо ҳам дар як рахна пайваста аст. Дуруст аст, ки аз рахнаҳо ҷудо-ҷудо ташкил шудаанд, аммо кулли ин сафҳа бо ҳам аст. Қабл аз зилзилаи Туркия шумо зилзилаи шаҳри Хӯй дар дохили Эронро доред, баъд зилзилаи Туркияро доред, баъд зилзилаи Тоҷикистону Туркманистонро доред. Ҳамаи инҳо ба ҳам пайвастаанд, як тикааш агар такон бихӯрад, бояд дигаронаш ҳам такон бихӯранду ба қавли маъруф сару сомон бигиранд.”

Радиои Озодӣ: “Ин пешбиниҳо ҳаст, ки дар солҳои оянда заминларзаҳои қавие мумкин аст, дар кишварҳои Осиё, аз ҷумла Осиёи Марказӣ рух бидиҳад. Назари шумо дар ин бора?

Муҳаммадҳусайни Чароғӣ: “Ҳатман, ҳатман ин иттифоқ меафтад. Ман худам, ки алъон дар дохили Теҳрон ҳастам, мутмаинам, ки дар Теҳрон зилзилаи шадид рух хоҳад дод. Зилзилаҳо давраи бозгашт доранд. Масалан шумо фарз бикунед, ки сангҳое ҳастанд, ки метавонанд 100 сол нерӯ таҳаммул кунанд, энержӣ таҳаммул кунанд. Вақте ба он сарҳад, ки расид, сад дар сад мешиканад. Ҳоло мо бояд бубинем, ки мерасад, ё намерасад? Қазия ин аст, ки сафҳаи Арабистон ва сафҳаи Ҳинд ва сафҳаи Африқо ба сурати пайваста ба самти сафҳаи Русия ҳаракат мекунад. Яъне агар мо имсол зилзилаи Тоҷикистон ва зилзилаи Туркияро дорем, мутмаинан 60 соли дигар, ё 70 соли дигар боз дар ҳамон минтақа боз хоҳем дошт.”

Радиои Озодӣ: Илми зилзиланигорӣ дар солҳои ахир пешрафти зиёде кардааст, оё метавонад дар ояндаи наздик зилзиларо дақиқ пешбинӣ кунад, ки кай ва дар куҷо иттифоқ меафтад?

Муҳаммадҳусайни Чароғӣ: “Бубинед, ба сурати куллӣ намешавад ташхис дод, ба сурати дақиқ, чун илми инсон ба ин ҳад нарасидааст, ки битавонад ба ин ҳад ташхис бидиҳад, аммо бо мутолиоти зилзилаҳои таърихӣ, баррасии зилзилаҳои таърихӣ, масалан шумо мегӯед, ки дар қисмате аз Тоҷикистон шояд 1000 сол, ё 800 сол пеш ба вуқуъ пайвастааст, пас дар ин қисмати Тоҷикистон ҳар 200 сол мо як заминларзаи шадид дорем. Инро нисбӣ метавонем бигӯем. Ин як қисмат аз кор аст. Як қисмати дигар ин аст, ки мо биёем, мутолиоти госалаҳои (рахнаҳои зеризамин) минтақаро анҷом бидиҳем ва рӯи онҳо як силсила сенсорҳо ва ё ларзанигорҳо насб кунем, ки ҳаракоти инҳоро бо ҳам тафтиш кунем. Агар ин корро кунем, ки албатта хароҷоташ хеле зиёд аст, метавонем бо пешбинии беҳтаре дошта бошем, ки ин зилзила меояд, ё на. Аммо мо бояд ҳамеша омода бошем. Масъалаи аслӣ омодагӣ аст. Билфарз ман Амрико ва Ҷопонро мисол меорам. Ҷопониҳо сармоягузории зиёде барои он намекунанд, ки маълум кунанд, зилзила кай меояд, онҳо медонанд, ки зилзилаи шадид меояд. Яъне вақте ман мутмаинам, ки як зилзилае бо неруи 8, 9 ё 7 дараҷаи Рихтер қарор аст, дар Ҷопон сурат бигирад, муҳим нест, ки чӣ имрӯз биёяд, ё фардо биёяд. Муҳим ин аст, ки ман омода бошам. Коре, ки Ҷопон ва Амрико анҷом медиҳанд, ин қазия аст, мо бояд омода бошем.”

Радиои Озодӣ: Кишварҳои осиёӣ чӣ кор бояд кунанд, то иттифоқоте, ки дар Туркия афтод, дар онҳо сурат нагирад. Манзурам вайрон шудани сохтмонҳои зиёду талафоти мардум аст?

Муҳаммадҳусайни Чароғӣ: “Муҳимтарин қазия истифода аз таҷоруби қаблии зилзилаҳо, ки беҳтаринашон дар воқеъ дар ойинномаҳо ва кодҳоест, ки барои сохтмонсоз, садсозӣ ва неругоҳсозӣ, ки Амрико ва Ҷопон доранд. Чун инҳо зилзилаи зиёде доштанд, ойиномаҳояшон бисёр пешрафт кардааст ва мо дар дохили Эрон истифода мекунем. Ман иттилооти зиёде дар мавриди Тоҷикистон дар ин замина надорам. Мавзуи баъдӣ омӯзиш ба мардум аст. Яъне чӣ? Яъне мо ба мардумамон омӯзиш бидиҳем, ки қабл аз онки зилзила биёяд, чӣ кор кунанд. Нуқоти амни хонаҳояшонро бишносанд. Бидонанд, ки куҷояш амн аст, куҷояш амн нест. Ин дар воқеъ кори шаҳрдорӣ ва давлатҳо ва давлати Тоҷикистон аст, ки ба онҳо омӯзиш бидиҳад. Ман ки худамро ба гунае зилзилашинос медонам, нуқоти амни хонаро таҳлил кардам, баррасӣ кардам ва ба бачаҳоям омӯзиш додам, ки агар Худое накарда зилзила омад, кадом нуқтаи хона бираванд, ки амнтар аст. Ин як қисмате аз омодагиҳо. Як қисмат таҳияи маводи ғизоӣ, ё нигаҳ доштани консерва аст, ки то ду сол муҳлати масраф доранд. Нигаҳдории об низ. Шумо дуто зарфи пластикии об, консерв ва каме кампалро дар гӯшае ҳамеша омода дошта бошед, чун медонед, ки заминларза меояд. Ва ин аз тарафи мардум ва дар воқеъ аз тарафи давлат барои омӯзиш барои риояти меъёрҳои эминӣ. Аз тарафи дигар масъулияти муҳандисон, сохтмони хонаҳоест, ки бо риояти ойинномаҳои сохтмонии нави дунё сохта шаванд, то хисороти зилзила биёяд поин. Билфарз агар мо зилзилаи Туркияро мисол биёрем, як зилзила бо нерӯи 7 дараҷаи Рихтер аст, аммо хисороте меорад, баробари хисоротест, ки бар асари зилзилаи 9 то 10 дараҷаӣ дар Ҷопон аст. Чаро ин иттифоқ меафтад, барои онки ҷопониҳо омода ҳастанд. Сохтмонҳо аз қабл омодаанд, мардум аз қабл омода аст ва ҳеч иттифоқе намеафтад.

Радиои Озодӣ: Он нукоти амни хона, ки гуфтед, куҷоянд, то мухотабони мо ҳам бидонанд?

Муҳаммадҳусайни Чароғӣ: “Беҳтарин ҷойҳо чорчӯбҳои дарҳои хона аст, чун чорчӯбҳои дарҳо умуман оҳанӣ ва як чаҳорчӯбаи маҳкаманд. Умуман осеб намебинанд, ё дар дохили хона агар шумо як мизи чӯбии маҳкам ва ё мизи филлизӣ доред, онҳо ҷузъи ҷойҳои амн ҳастанд. Худое накарда агар сақф биафтад, он миз намешиканад, ё тахт намешиканад. Онҷо ҷузъи нукоти амн ҳастанд ва беҳтар аст, ки ин миз ё тахтро шумо куҷо бигузоред. Наздик ба деворҳои канории сохтмон, ки агар Худо накарда иттифоқе афтод, зилзилае омад, чизе шуд, битавонанд ба шумо зуд дастрасӣ пайдо кунанд, васати хона набошад, ки пайдо кардани шумо чаҳор рӯз тӯл бикашад. Як рӯз тӯл бикашад. Бадтарин нуктае, ки дар сохтмонҳо ҳаст, бахусус дар биноҳои баланд, роҳ пиллаҳо ҳастанд. Аввалин ҷое, ки дар сохтмонҳои баланд мерезад, роҳпилла аст, чун ба ҳеч унвон ба ҷое баста нест ва мардуме, ки дар табақаҳои боло, бахусус табақаи ду ба боло зиндагӣ мекунанд, умуман набояд биёянд ба роҳпилла. Бояд бираванд ба самти нуқтаи амни миз ва ё тахте, ки аз қабл омода кардаанд. Чаро? Чун роҳпилла мерезад, ҳамонҷо осеб мебинанд. Хеле аз куштаҳое, ки дар зилзилаи Бам ва ё Кирмоншоҳи Эрон иттифоқ афтод, дар воқеъ дар ҳамон роҳпиллаҳо афтод. Ҳатто агар нарезад, аз бинои чаҳор, панҷтабақа ҳама медаванд поин, осеб мебинанд, аз пиллаҳо меафтанд. Мумкин аст, ҳамонҷо дасту пояшон бишканад, хунрезӣ кунанд ва аслан ба имдоду наҷот нарасанд. Ин ҳам аз нукоти муҳим аст.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG