Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо Иморот бидуни гол хотима ёфт


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии дӯстонаро бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон шаби шанбеи 25-уми март дар варзишгоҳи «Ал-Наҳайян»-и шаҳри Абузабӣ баргузор шуд.

Бозигарони ҳарду даста дар ҷараёни дидор аз лаҳзаҳои голзанӣ истифода карда натавонистанд, бахусус, футболбозони тоҷик барои муваффақ шудан имкони бештар доштанд.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, баъди анҷоми ин бозӣ гуфт, «мо бо яке аз дастаҳои пурқуввати Осиё бозиро мусовӣ кардем, ки ин бароямон натиҷаи хуб аст. Ҳатто мо барои пирӯз шудан наздик будем. Агар барои бозӣ бо чунин дастаҳои пурзӯр мо имкони бештар омодагӣ диданро медоштем, албатта, ғалаба мекардем. Дар ин бозӣ мо бархе аз бозигарони пуртаҷрибаро ба ҳайати ибтидоӣ дохил накардем ва бештар ба ҷавонон таваҷҷуҳ намудем. Инчунин ба чанд бозигаре, ки боз ба даста даъват шудаанд, имкон додем ҳунари худро нишон диҳанд. Ҳоло дар даста барои ба ҳайати асосӣ шомил шудан рақобат сахт шудааст. Бинобар ин, касе намехоҳад мавқеашро аз даст бидиҳад. Мо ба қатори 24 дастае, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифтаанд, дохилем ва мекӯшем, ки ба қаҳрамонии Осиё хуб омода шавем ва натиҷаи дилхоҳ ба даст биёрем.”

Бозии дӯстона

Имороти Муттаҳидаи Араб Тоҷикистон – 0:0

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров, Зоир Ҷӯрабоев, Табрез Исломов, Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Комрон Турсунов (Шервонӣ Мабатшоев, 74), Муҳаммадҷон Раҳимов (Алиҷони Айнӣ, 79), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов (Парвизҷон Умарбоев, 74), Манучеҳр Ҷалилов (Шаҳром Самиев, 79).

25-уми март. Абузабӣ. Варзишгоҳи «Аь-Наҳайян». 200 тамошогар.

Дарвоқеъ, тимҳои миллии Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Араб аз ин пеш як бор бо ҳам рақобат кардаанд. Бозии дӯстонаи ин дастаҳо 12-уми ноябри соли 2020 дар Дубай бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:2 анҷомида буд.

Зимнан, ин бозии даҳуми мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт ба шумор мерафт. Футболбозони тоҷик аз даҳ бозӣ дар панҷтоаш пирӯз шуда, сетоашро дуранг кардаанд ва дар ду дидор мағлуб гардидаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) дар меҳмонӣ боз як бозии дӯстона баргузор мекунад. Бозии санҷишӣ миёни тимҳои миллии Кувайт ва Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 28-уми март дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Ал-Кувайт – соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (00:00 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Барои ширкат дар ин бозиҳои дӯстона ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон 24 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.

Бояд гуфт, ширкат дар бозиҳои дӯстона барои тими миллии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки он аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё 24 дастаи беҳтарини қора иштирок хоҳад кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт:

дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);

ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Аҳтам Назаров («Андиҷон», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Далер Имомназаров, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»);

нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Насаф», Узбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Ҳақназаров («Анталяспор», Туркия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷони Айнӣ (ҳама аз «Истиқлол»);

ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Зимбру», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»).

Сармураббӣ Петр Сегрт (Хорватия).

Бозии дӯстона

28-уми март (сешанбе)

Оғози бозӣ - соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (00:00 ба вақти Душанбе)

Кувайт – Тоҷикистон

Ал-Кувайт, Кувайт

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG