Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 100 то 5000. Муштариёни бозори кабк дар Кӯлоб кистанд? ВИДЕО


Бозори кабк дар Кӯлоб
Бозори кабк дар Кӯлоб

Рӯзи шанбе дар гушае аз бозори Кӯлоб кабкҳоеро ба фурӯш гузоштанд, ки дар мавсими нави шикор боздошт шудаанд.

Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон мавсими шикори кабк аз аввали моҳи март то 14-уми апрел идома мекунад.

Фаъолони ҳифзи муҳити зист мегӯянд, аз миёнаҳои моҳи апрел кабк ба тухмгузорӣ оғоз мекунад ва набояд шикор шавад. Барои шикори ғайриқонунии ин паранда ҷарима пешбинӣ мешавад.

Кабфурӯшон дар Кӯлоб мегӯянд, барои шикори кабк иҷозат доранд. Ин гушаи бозор натанҳо ҷойи фурӯши кабк, балки ҷойи ҷангандохтану баҳси кабкон низ ҳаст.

Видео аз бозори кабк дар Кӯлобро инҷо тамошо кунед:

Аз 100 то 5000 сомонӣ. Нархи кабк дар бозори Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Музаффар Рустамов, яке аз кабкбозон дар Кӯлоб мегӯяд, инҷо одамон аз ноҳияҳои Муъминобод, Восеъ ва Данғара барои хариду фурӯши кабк ва тамошои ҷангу баҳси онҳо меоянд.

Фаъолони ҳифзи муҳити зист ҷангандозии паранда ва дигар ҳайвонотро маҳкум мекунанд ва борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки пеши роҳи хушунат нисбат ба ҷонваронро бигиранд.

Як кабк дар бозори Кӯлоб аз 100 сомонӣ то панҷ ҳазор сомонӣ арзиш дорад.

Барои шикори ғайриқонунии кабк то 100 сомонӣ ҷарима пешбинӣ мешавад. Се соли пеш мақомот дар вилояти Хатлон гуфта буданд, ки беш аз ду ҳазор мавриди шикори ғайриқонунии кабкро ошкор кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG