Нӯҳ созмони бонуфуз, аз ҷумла Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинки ва Маркази "Весна" аз мақомоти Беларус талаб карданд, ки ба ҳеч сурат фаъоли сиёсӣ Низомиддин Насриддиновро ба Тоҷикистон надиҳад.
Ин созмонҳо рӯзи 21-уми март дар изҳороте гуфтанд, дар сурати истирдод ба узви "Гурӯҳи 24", як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, шиканҷа таҳдид мекунад. Тоҷикистон истирдоди ӯро талаб карда, Додситонии кулли Беларус ҳам ризоят додааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Насриддинов корти паноҳандаи Олмонро дорад ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ хоҳад буд.
Ҳю Виллиамсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар HRW, гуфт, "ба Насриддинов барои эътиқоди сиёсияш дар Тоҷикистон хатари ҷиддии боздошт ва шиканҷа таҳдид мекунад."
Вай афзуд, "мақомоти Беларус тасмими истирдоди Насриддиновро ба Тоҷикистон бекор кунанд. Ӯ бояд фавран озод карда шавад, то ба Олмон баргардад."
Низомиддин Насриддиноваи 35-сола моҳи январи имсол ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир шуда, "аз он замон то ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Гродно аст".
Ӯ соли 2017 дар суханронияш дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо худро узви "Гурӯҳи 24" муаррифӣ кард. Аз моҳи октябри соли 2015 дар Олмон мезист. Мақомоти кишвари аврупоӣ ба ӯ ва оилааш санади паноҳандагӣ додаанд. Чизе, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ ҳангоми баррасии қазияаш дар Беларус нодида гирифта шуд.
Мавқеи расмии ҷониби Тоҷикистон дар бораи Низомиддин Насриддинов ва қазияи ӯ маълум нест.
Энира Бронитская аз созмони Human Constanta ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Низомиддин Насриддинов дар Тоҷикистон ба "даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ" (моддаи 307, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст.
Ба қавли ӯ, дар парвандааш навиштаанд, ки “ӯ дар Фейсбук маводи вобаста ба ҲНИТ-ро нашр карда, дар YouTube кадом видеои танқидиро дар бораи президенти Тоҷикистон гузоштааст”.
Низомиддин Насриддинов аз қарори Додситонии кулли Беларус дар марвиди истирдоди ӯ ба Тоҷикистон шикоят кардааст.
Интизор меравад, даъвои ӯро 30-юми марти имсол дар додгоҳи вилоятии Гродно баррасӣ кунанд. Умеди тими ҳомиёни ҳуқуқи Насриддинов ин аст, ки ин навбат далели ҳукумати Олмон дар бораи ҳаққи паноҳандагии ин шаҳрванди Тоҷикистон ба назар гирифта хоҳад шуд.
Дар гузашта ҳам чанд мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон дар Беларус боздошт ва бо хатари истирдод рӯбарӯ шудаанд:
- Шабнам Худойдодова аз июни 2015 то феврали 2016 дар боздоштгоҳе дар Беларус буд ва ниҳоят озод ва дар Лаҳистон (Полша) паноҳанда шуд.
- Фарҳод Одинаев, мунтақиди дигари ҳукумат, соли 2019 баъд аз 41 рӯзи ҳабс дар Беларус озод шуда ва ба Аврупо рафт.
- Футболбози тими "Хайр"-и Ваҳдат Парвиз Турсунов, ки бо риши дарозаш маъруф буд, баъд аз ду моҳи боздошт дар Беларус озод ва ба Украина кӯчид.
Гуфтугӯ