Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Наврӯз дорем, вале..." Ҷашни дардолуди паноҳҷӯён дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Лаҳзае аз Наврӯзи муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе
Лаҳзае аз Наврӯзи муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе

Паноҳандагони афғонистонӣ ҷашни Наврӯзро дар сафорати Афғонистон дар Душанбе бо намоиши “ҳафтмева” таҷлил карданд. Шиква доранд, ки Толибон ду сол боз иҷозат намедиҳанд, Наврӯз дар ватанашон оммавӣ ҷашн гирифта шавад. Чизе, ки ба гуфтаи баъзе аз паноҳандагон онҳоро “ҷигархун” мекунад.

"Дар Афғонистон дигар Наврӯз надорем"

Солеҳа Шерзай маҳсули ҳунарашро, ки аз куртаву тоқӣ, ҷузвдони занону духтарони афғонистонӣ иборат аст, дар ҷашни Наврӯз ба намоиш гузошт. Парчами Афғонистонро ҳам дастӣ омода кардааст.

Ду сол боз Наврӯзро дар Тоҷикистон ид мекунад. Аз ҷашни Наврӯз дар Афғонистон бо ҳасрат ёд меорад.

"Пеш аз омадани Толибон ба қудрат дар Афғонистон, Наврӯз бисёр бошукӯҳ буд. Чор рӯз ҷашни гуларғавон ва ҷашни деҳқон буд, мардум барномаҳои калон мекарданд. Феълан ҳеч кадомеро надорем. Толибон иҷозат намедиҳанд ва ин рӯзро як рӯзи расмӣ эълон карданд, ки бояд ҳар кас сари кораш бошад. Гуфтаанд, агар касе таҷлил кард, нисбат ба ӯ бархурди қонунӣ мешавад,” -- афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Гуруҳи Толибон, ки моҳи августи соли 2021 ҳукуматро дар Афғонистон ба даст гирифт, таҷлили расмии Наврӯзро манъ кардааст. Абдулаҳад Имод, як масъули Вазорати фарҳанги ҳукумати Толибон, соли гузашта ба хабаргузории "Рейтерз" гуфт, "мо Наврӯзро расман баргузор намекунем, аммо пеши роҳи мардумро намегирем.”

Ҳукумати Толибон, ки бар асоси қоидаҳои сахтгиронаи динӣ амал мекунад, борҳо гуфтааст, “ҳар маросимеро, ки дар ислом нест, мо таҷлил намекунем.”

Ҳафтмева чист?

Аксар иштирокдорони ҷашни Наврӯз дар сафорати Афғонистон занону духтарон буданд, ки Толибон онҳоро дар кишварашон аз кору таҳсил маҳрум кардаанд. Хонандагону омӯзгорони мактаби Сомониён барои ширкатдорон суманак омода кардаанд. Навори рамзии деги суманакро сафирони Афғонистон, Эрон ва Бритониё буриданд. Ҳарчанд буридани лента аз деги суманак дар Тоҷикистон кори нав аст.

Нӯшобаи ҳафтмева яке аз ғизоҳои асосӣ дар ҷашни Наврӯз дар Афғонистон аст. Он аз ҳафт меваи хушк омода карда мешавад. Ҳусно Фирӯзӣ, муҳоҷири афғонистонӣ, мегӯяд, ҳафтмева аз кишмиш, бодом, писта, зардолуи хушк ва чанд меваи дигар иборат аст.

Ҳафтмева маззаи шарбати тоҷикиро дорад. Ба гуфтаи баъзе аз фарҳангшиносон, ҳафтмева дар Тоҷикистон ҳам ҳаст, аммо дар миёни мардум чандон маъмул нест.

Дасторхони наврӯзӣ дар Тоҷикистон асосан аз ҳафт сину ҳафт шин иборат аст. Ба гуфтаи муҳоҷирон ин чизҳо дар Афғонистон чандон маъмул нест ва суманаку ҳафтмева ғизоҳои асосии наврӯзӣ дар он кишвар аст.

Паёми сафир ба Толибон

Дар ҷашни Наврӯзи паноҳандагони афғонистонӣ дар Душанбе, аз гуруҳи Толибон барои қонунҳои сахтгиронаашон танқид шуд. Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон, гуфт, “мардуми адолатхоҳи мо дар зиндони хонагии Толибон ба сар мебаранд.”

Зоҳир Ағбар дар муроҷиат ба намояндагони Толибон гуфт, агар “эътиқод ба ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, ҳуқуқи зан, каромоти инсонӣ ва низоми бархоста аз орои мардумро дошта бошанд, сафи худро аз Толибони ифротӣ ҷудо бисозанд.”

Тоҷикистон мизбони қариб 10 ҳазор паноҷҳӯи афғонистонӣ аст. Аксари онҳо барои рафтан ба кишвари сеюм муваққатан дар Тоҷикистон ба сар мебаранд. Паноҳҷӯён дар Тоҷикистон мисли тоҷикони маҳаллӣ аз набудани кор азият мекашанд ва аз ин рӯ мехоҳанд, худро ба Канада ё Аврупо расонанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Наврӯзи муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG