Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден амри боздошти Владимир Путинро кори дуруст номид


Владимир Путин
Владимир Путин

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, амри Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят барои боздошти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия кори дуруст аст. Ӯ рӯзи 17-уми март дар Вашингтон ба хабарнигорон гуфт: “Ӯ возеҳан ҷиноятҳои ҷангӣ содир кардааст.”

Пештар аз ин баёнияи Ҷо Байден, Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят рӯзи 17-уми март Владимир Путинро масъули рабудани кӯдакон аз Украина ва маҷбур ба Русия бурдани онҳо номид ва гуфт, ки барои чунин ҷинояти ҷангӣ амри боздошти ӯро содир кардааст.

Додгоҳ ҳамчунин амр додааст, ки Мария Лвова-Белова, масъули ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон дар Русия боздошт шавад, чун дастури ба Русия овардани кӯдакони украиниро ӯ додааст.

Мақомоти Украина аз ин тасмими додгоҳи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд қарор дорад, истиқбол карданд. Русия онро ғайриқобили қабул номид.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят мегӯяд, ҳарду нафар ба маҷбурӣ бурдани кӯдакон аз минтақаҳои ишғолии Украина ба Русия гумонбар ҳастанд. Коре, ки ба гуфтаи додгоҳ, "мустақим, якҷоя бо дигарон ва ё тавассути дигарон" иҷро шудааст.

Маълум нест, ҳукми додгоҳ чӣ асаре дошта метавонад, зеро Русия салоҳиятҳои Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноятро эътироф намекунад ва шаҳрвандонашро ҳам ба кишвари дигаре барои муҳокима намесупорад. Вале мумкин аст, Путин дар сафар ба кишварҳои хориҷӣ эҳтиёткор шавад, зеро эҳтимоли боздошти ӯ вуҷуд дошта метавонад.

Ҳарчанд Амрико ҳам салоҳиятҳои додгоҳи мазкурро қабул надорад, вале Ҷо Байден гуфт, ҳукм бисёр муҳим аст ва мавзеъгирии қавии додгоҳро нишон медиҳад.

Пештар аз ин Ҷозеп Боррел, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки қарори Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят “оғози ба ҷавобгарӣ кашидани Русия барои ҷурму ҷиноятҳояш дар Украина аст.”

Пиотр Ҳофмански, раиси додгоҳи мазкур дар як баёнияи видеоӣ гуфт, агарчӣ ҳукмро додрасҳо содир кардаанд, вале иҷрои ин амр дигар кори дасти ҷомеаи байналмилалӣ аст. Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят неруи пулис надорад, ки амрҳои онро иҷро кунанд.

Владимир Путин саввумин раҳбари як кишвар дар ҷаҳон мешавад, ки Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят амри боздошти ӯро медиҳад. Ба ғайр аз ӯ, додгоҳ айни амрро барои боздошти Умар Ал-Башир, раиси ҷумҳури Судон ва Муаммар Қаззофӣ, раиси ҷумҳури Либия низ содир кардааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия, амри додгоҳро “ошуфтакунанда ва ғайриқобили қабул” номид ва гуфт, ки Русия мисли кишварҳои зиёди дигар салоҳиятҳои Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноятро қабул надорад. Аз ин рӯ ба гуфтаи ӯ “ҳаргуна қарор дар ин бора барои Русия аз назари қонун арзише надорад.”

Песков ба ин суол, ки оё Владимир Путин аз сафар ба кишварҳое, ки мумкин аст, ҳукми додгоҳро иҷро кунанд, даст мекашад, ё не, посух надод. Украина ҳам узви Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят нест, вале Киев баъди ҳамлаи Русия ба Украина иҷоза дод, ки додгоҳ ҷиноятҳои ҷангӣ дар қаламрави онро таҳқиқ кунад. Амрико ва Чин ҳам салоҳиятҳои додгоҳи мазкурро қабул надоранд.

Мария Лвова-Белова дар як баёнияи кинояомез гуфт: “Бисёр хуб аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ, кори мо барои кумак ба кӯдакони кишвари худро қадрдонӣ кард, ки онҳоро дар минтақаҳои ҷангзада намегузорем, берун меорем, шароит фароҳам мекунем ва ба дасти одамони ғамхору месупорем.”

Дмитро Лубинетс, масъули ҳуқуқи башар дар порлумони Украина гуфт, ки бар асоси омори расмӣ, Русия бештар аз 16 000 кудаки украиниро ба қаламраваш бурдааст ва аз ин миён 308 нафарашонро бозгардонидаанд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина қарори додгоҳи байналмилалиро “таърихӣ” номид ва гуфт ин ҷиноят наметавонист, бидуни фармони Путин сурат бигирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG