Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба чорякфинали Ҷоми Осиё роҳ наёфт


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон муқобили Кореяи Ҷанубӣ.
Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон муқобили Кореяи Ҷанубӣ.

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бозии охиринашро дар гурӯҳи «С» рӯзи чоршанбеи 8-уми март дар Тошканд бо тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум гашт.

Бозии дигари даври ниҳоии гурӯҳи «С» рӯзи чоршанбе дар пойтахти Узбекистон миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Урдун ва Умон низ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ба ин тартиб, дар ин гурӯҳ баъди натиҷагирии бозиҳои се даври мусобиқа дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо касби 7 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дастаи Урдун, ки 4 имтиёз гирифт, ҷойи дуюмро азони худ кард ва ба чорякфинал баромад.

Мунтахаби Тоҷикистон низ 4 имтиёз ба даст овард, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо, инчунин аз сабаби онки бозиро ба Урдун бохта буд, дар зинаи сеюм қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум гашт, Мунтахаби Умон бо касби як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шуд.

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Олег Кубарев, мутахассиси беларусӣ, баъди анҷоми бозии охирин муқобили тими Кореяи Ҷанубӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз роҳ наёфтани дастааш ба даври баъдӣ нигарон аст.

Вай афзуд, "дар бозии охирин мо ҳангоми ҳуҷумҳои ҷавобӣ барои голзанӣ вазъиятҳои хуб доштем, вале аз онҳо истифода карда натавонистем. Мутаассифона, мо дар ин мусобиқа аз уҳдаи иҷрои вазифаи худ набаромадем. Сабаби ба чорякфинал роҳ наёфтани даста ин бохти мо дар бозии аввал аз тими Урдун мебошад".

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «С» дар Тошканд дар бозии аввалаш аз тими Урдун бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда, дар бозии дуюмаш тими Умонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда буд.

Ҳамин тариқ, дар даври чорякниҳоӣ ғолиби гурӯҳи “С” – Кореяи Ҷанубӣ - бо дастае, ки дар гурӯҳи “D” мақоми дувумро касб мекунад, вориди рақобат мешавад. Дастаи Урдун бошад, дар чорякфинал бо ғолиби гурӯҳи “D” бозӣ хоҳад кард. Бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи “D” имрӯз, 9-уми март, дар Узбекистон баргузор мешаванд.

Аз гурӯҳи «А» дастаҳои Узбекистон ва Ироқ, аз гурӯҳи «В» тимҳои Австралия ва Эрон.ба плей-офф роҳ пайдо карданд.

Бояд гуфт, чаҳор дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 ба қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонони то 20-сола, ки моҳҳои май-июни имсол дар Индонезия доир мегардад, роҳхат мегирад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бори панҷум дар қаҳрамонии Осиё ширкат варзид. Қаблан ҷавонони тоҷик дар ин мусобиқот солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 иштирок карда буданд. Беҳтарин натиҷаи мунтахаби Тоҷикистон роҳ ёфтан ба чорякфинали ду мусобиқоти охир дар Баҳрайн (2016) ва Индонезия (2018) мебошад.

Зимнан, дар Ҷоми Осиё+2018 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври чаҳорякниҳоӣ аз мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.

Мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷоми Осиё-2018 дар Индонезия барандаи медалҳои нуқра гардид. Кореягиҳо дар финал аз мунтахаби ҷавонони Арабистони Саулӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.

Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20):

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Урдун, Умон

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Урдун – 0:2

Голҳо: Алӣ Аҳмад Ал-Азиз, 7 (0:1). Сайф Аддин Дарвеш, 27 (0:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Бакер Калбоуне (Урдун), 1.

2-юми март. Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»

Кореяи Ҷанубӣ Умон – 4:0

2-юми март. Тошканд, варзишгоҳи «Жар»

Даври 2-юм

Умон – Тоҷикистон 0:1

Гол: Ҳамадонӣ Камолов, 79.

5-уми март. Тошканд. Варзишгоҳи «Локомотив».

Урдун - Кореяи Ҷанубӣ 0:2

5-уми март. Тошканд, варзишгоҳи «Жар»

Даври 3-юм

Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон – 0:0

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Меҳрубон Каримов, Раҳматшо Раҳматзода, Асадбек Зиёзода (Шаҳриёри Иноятулло, 56), Фахриддин Аҳтамов, Ҳамзадҷон Аҳтамов (Азизбек Ҳаитов, 56), Салам Ашурмамадов (Салоҳиддин Эргашев, 56), Абдулло Шарипов (Фаридун Давлатов, 88), Ҳамадонӣ Камолов, Алиҷони Айнӣи, Далер Шарипов (Суннатулло Азизов, 77).

Сармураббӣ Олег Кубарев (Беларус).

Сардовар: Чен Хсин Чуан (Тайбэйи Чин).

8-уми март. Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор». 318 тамошобин.

Урдун – Умон – 0:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

Кореяи Ҷанубӣ

3

2

1

0

6-0

7

2

Урдун

3

1

1

1

2-2

4

3

Тоҷикистон

3

1

1

1

1-2

4

4

Умон

3

0

1

2

0-5

1

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG