Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиёз дар ивази гандум. Муомилаи нави Тоҷикистону Қазоқистон. ВИДЕО


Тоҷикистону Қазоқистон додугирифти наверо ба роҳ монданд, то яке сабзавоти баҳорӣ, аз ҷумла пиёз дошта бошад, дигарӣ гандум. Ду тараф сари ҳамин масъала чанде пеш гуфтугӯ кардаанд. Дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо баҳонаи онки “ҳоло оғози кор аст”, ҷузъиёт надоданд. Баъзе аз деҳқонҳо гуфтанд, додугирифт дар сурате имконпазир хоҳад шуд, ки ҳосили хубу кофӣ ба даст биояд.

Абдураббӣ Абдураззоқов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, солҳо боз ба парвариши сабзавот машғул аст. Мегӯяд, пешгӯӣ карда наметавонад, ки имсол чӣ қадар пиёз хоҳад гирифт.

"Онҳое, ки замини бисёр доранд, бояд аввал қарордод банданд. Сипас бар асоси талабот пиёз бикоранд. Соли гузашта бе шартнома кориданд, ҳама "сӯхтанд". Кишоварзон аз Турсунзода, Ҷайҳун ва Ҳисор касод шуданд. Ба Русия ба муҳоҷират рафтанд. Мушкил ҳамин аст, ки як нақшаи дуруст надорем," – афзуд ӯ.

Ин кишоварз илова кард, "соле, ки пиёз гарон шавад, супориш медиҳанд, ки бештар бикоред ва агар картошка гарон шуд, афзоиши кишти картошкаро мегӯянд."

Суҳбатҳо дар атрофи интиқоли пиёз ба Қазоқистон дар ҳолест, ки феълан нархи як килои он дар бозорҳои кишвар аз 4,5 то 11 сомонӣ аст. Дар пасманзари афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳукумат содироти пиёзу картошка ва сабзиро ба хориҷа муваққатан боздошт.

Ба қавли баъзе аз коршиносон, дар шароити ҳозира, ки нархи пиёзу дигар навъи сабзавот дар ҳоли афзоиш аст ва талаботи дохилиро наметавон қонеъ кард, пешниҳоди пиёз бар ивази орду гандум кори осон нест. Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, бовар надорад, тасмим муваффақона анҷом шавад.

"Инро бартер мегӯянд. Мо ба ҳамон миқдоре, ки пиёзро мефурӯшем, ба ҳамон пул, ҳамон қадар гандум мегирем? Яъне, намешавад ба Қазоқистон гуфт, ки мо як халта пиёз медиҳем, як халта гандум мегирем. Ин кори ношуданӣ аст," – афзуд вай.

Дар Тоҷикистон, ки гаронии нархи орд ҳамеша боис ба нигаронии сокинон аст, ба гандуми Қазоқистон бештар ниёз доранд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон нақшаи истеҳсоли пиёз 727 ҳазор тонна пешбинӣ шуда буд, вале 672 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд. Ҳоло ният доранд, майдонҳои кишти пиёзро бештар ва бо гирифтани ҳосили зиёд содироти онро бештар кунанд. Ҳосили сабзавоте, ки сарнавишташ маълум нест.

Видеоро дар инҷо бинед:

Муомилаи нави Тоҷикистону Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG