Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фишорро бас кунед". Кумакхоҳии блогерони узбек аз президент


Хабарнигорону блогерон бо Шавкат Мирзиёев, Самарқанд, моҳи августи 2019
Хабарнигорону блогерон бо Шавкат Мирзиёев, Самарқанд, моҳи августи 2019

Рӯзи 3-юми март бештар аз 40 рӯзноманигор, блогер ва фаъоли иҷтимоӣ аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев хостанд, ки "барои таъмини мустақилии воқеии расонаҳо кӯмаки таърихӣ расонад".

Онҳо дар муроҷиати худ аз фишор болои расонаҳо шикоят карданд.

"Мо, рӯзноманигорон ва намояндагони ҷамъиятро сензураи пинҳонӣ, аммо нерӯманд нигарон кардааст. Идораи расонаҳо, рӯзноманигорон, блогерон, одамони одӣ, ки назареро баён мекунанд, ҳамоно бо монеаҳои ҷиддӣ, фишор ва тарсдиҳӣ рӯ ба рӯ мешаванд," -- омадааст дар муроҷиатнома.

Шавкат Мирзиёев баъди расидан ба қудрат дар Узбекистон блогеронро рамзи озодии баён номида, ваъдаи ҳимоят дода буд. Бо гузашти ҳафт сол аз раёсаташ вазъ дар Узбекистон тағйир кард. Ҳоло шикоятҳо аз фишори мақомот афзудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG