Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниши лафзии Блинкен ва Лавров; сояи ҷанги Украина бар нишасти "Гурӯҳи 20"


Энтони Блинкен ва Сергей Лавров
Энтони Блинкен ва Сергей Лавров

Ҳамлаҳои лафзӣ байни Амрико ва муттаҳидони аврупоии он бо Русия дар бораи ҷанги Украина, ба фазои нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои "Гурӯҳи 20" дар Деҳлӣ соя андохт ва ҳар як тараф дигареро ба бесубот кардани ҷаҳон муттаҳам кард.

Вазирони корҳои хориҷии Амрико ва Русия дар ҳошияи ин ҷаласа мулоқот карданд ва Энтони Блинкен аз Сергей Лавров хост, ки Маскав тасмими худро барои баромадан аз Аҳдномаи коҳиши аслиҳаи стратегӣ ё "New START" бозбинӣ кунад.

Ба гуфтаи як мақоми амрикоӣ, ки дар ин сафар Энтони Блинкенро ҳамроҳӣ мекунад, вазири корҳои хориҷии Амрико дар дидор бо ҳамтои руси худ гуфт, Вашингтон омода аст, то ҳар замоне ки лозим бошад, аз Украина барои дифоъ аз худаш, пуштибонӣ кунад.

Гуфтугӯи онҳо ҳудуди даҳ дақиқа давом кард ва музокираи аввалини рӯ дар рӯи вазирони корҳои хориҷии Амрико ва Русия аз оғози ҳамлаи низомӣ ба Украина буд.

Ин мақоми амрикоӣ ҳозир дар музокироти байни Блинкен ва Лавров ба хабаргузориҳои байнулмилалӣ гуфт, "ҳамеша умедвор хоҳем монд, ки Русия сиёсати худро дигар кунад ва гуфтугӯи дипломатӣ барои асос гузоштани як сулҳи одилона ва пойдорро бипазирад. Вале аз ончи ки дар мулоқоти имрӯз рӯй дод, тағйире дар сиёсати Русия дастикам дар ояндаи наздик, баъид ба назар мерасад".

Ӯ афзуд, вазири корҳои хориҷии Амрико дар ин гуфтугӯи кӯтоҳ мехост, ҳар гуна гумонҳоро дар бораи коҳиши ҳимояти Вашингтон ва муттаҳидонаш аз Украина бартараф кунад.

Хабаргузориҳои русӣ ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар гуфтанд, ки мулоқоти Сергей Лавров ва Энтони Блинкен "сарироҳӣ" буд ва ду тараф музокирае надоштанд.

Хабари гуфтугӯи кӯтоҳи вазирони корҳои хориҷии Амрико ва Русия дар поёни ҷаласаи якрӯзаи вазирони корҳои хориҷии "Гурӯҳи 20" нашр шуд, ки зери сояи баҳсҳои вобаста ба ҷанги Украина қарор гирифт.

Амрико ва муттаҳидони аврупоии он аз кишварҳои узви "Гурӯҳи 20" хостанд, бо фишори бештар овардан Русияро ба қатъи ҷанг дар Украина водор кунанд. Дар муқобил Русия Ғарбро муттаҳам кард, ки талош мекунад масъулияти нокомиҳои иқтисодии худро ба дӯши Русия биандозад.

Энтони Блинкен дар баёнияе, ки пас аз поёни нишаст нашр шуд, гуфт, "барои сулҳи байнулмилалӣ ва суботи иқтисодӣ бояд ба фишор ба Русия барои поёни ҷанг ва хуруҷи нерӯҳояш аз Украина идома диҳем. Мутаассифона, ин ҷаласа низ бинобар таҷовузи низомии Русия хадшадор шуд".

Вазирони корҳои хориҷии Олмон, Фаронса ва Ҳолланд низ аз мавзеи вазири корҳои хориҷии Амрико ҳимоят карданд. Вазири корҳои хориҷии Олмон гуфт, "мутаассифона, яке аз аъзои "Гурӯҳи 20" монеи тамаркузи дигар кишварҳо дар бораи масоили муҳиме аст, ки ин гурӯҳ ба ҳамин ҳадаф таъсис шудааст".

Вазири корҳои хориҷии Фаронса низ гуфт, ҷанг дар Украина ба ҳама кишварҳои ҷаҳон дар арсаи маводи ғизоӣ ва энержӣ латма задааст. Вазири корҳои хориҷии Ҳоланд низ дар мусоҳибае гуфт, танҳо масъули ҷанг дар Украина ин Русия аст ва таҳримҳо алайҳи он кишвар бояд идома ёбад.

Дар муқобил, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, Ғарбро масъули буҳрони сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон хонд. Ӯ дар баёнияе афзуд, "шуморе аз кишварҳои ғарбӣ мавзӯъҳои мавриди баҳси Гурӯҳи 20-ро ба масхара гирифта ва талош карданд масъулияти нокомиҳои иқтисодии худро бар дӯши Русия биандозанд".

Ӯ кишварҳои ғарбиро ба "нокомӣ"-и тарҳи содироти ғалла аз тариқи Баҳри Сиёҳ муттаҳам кард. Бар асоси созише, ки бо миёнҷигарии Туркия ва СММ ба даст омад, ин тарҳ заминаи содироти дигарбораи ғалаи Украинаро фароҳам мекард.

Ҳукумати Ҳинд, ки имсол раёсати давраии "Гурӯҳи 20"-ро бар ӯҳда дорад, талош карда буд мавзуоти муҳими дигаре монанди паёмадҳои иқтисодии ҷанг, тағйироти иқлимӣ ва мушкили қарзҳои хориҷии кишварҳои фақирро дар нишасти рӯзи панҷшанбе дар авлавият қарор диҳад.

Бо вуҷуди талошҳои Ҳинд барои танзими як баёнияи муштарак дар поёни ҷаласа, бинобар ихтилоф бар сари ҷанги Украина чунин натиҷае ҳосил нашуд ва иҷлоси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои "Гурӯҳи 20" ба нашри санаде шомили тасмимгириҳои иҷлос, басанда кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG