Даҳҳо муҳоҷири бандмонда дар роҳ ба Русия пас аз нашри шикояташон “бо автобуси хубу шароити беҳтар” ба ин кишвар расонда шудаанд.
Автобусе, ки 70 муҳоҷири тоҷикро аз вилояти Хатлон ба Русия мебурд, дар наздикии вилояти Самара дармонда, муҳоҷиронро дар вазъияти баде қарор дод.
Мусофирон рӯзи 28-уми феврал дар наворе ба Радиои Озодӣ аз он шикоят карданд, ки “як ҳафта боз дар роҳ ҳастанд ва нони хӯрдан надоранд”.
Дар пайи нашри гузориш дар Радиои Озодӣ, ширкати “Сайри лаҳзаи дунё” онҳоро фавран бо автобуси хубу шароити беҳтар соати 3-и шаби якуми март ба Русия расондааст. Муҳоҷирон дар наворе аз автобуси нав дар ин бора хабар доданд.
Ҳар сол садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик тариқи автобус, қатора (поезд) ва ҳавопаймо барои кор ба Русия мераванд.
Гуфтугӯ